Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Рамазон Раҳимзода: Тахминан 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина рафтаанд
Дата публикации: 16:4411.08.2023
Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ гуфт, то имрӯз тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, ба ҷанги Украина фиристода шудаанд.
Ӯ имрӯз зимни нишасти матбуоти зикр намуд, ки мақомоти рус чунин оморро ба онҳо пешниҳод намекунанд ва дар бораи теъдоди тоҷикони аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина фиристодашуда танҳо гуфт, ки “тақрибан 100 нафар ҳастанд”.
Бори аввал аст, ки як мақомдори тоҷик дар бораи тоҷикони аз зиндонҳои Русия ба ҷанг фиристодашуда рақамҳои тахминӣ пешниҳод мекунад.
То ин дам расонаҳо дар бораи наздики 20 шаҳрванди Тоҷикистон хабар нашр карданд, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина рафта ва кушта шуда, ҷасади бархе ба ватан баргардонида шудааст.
Мувофиқи тадқиқоти BBC, ки моҳи июн расонаӣ шуда буд, дар ҷанги зидди Украина 40 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Шумораи дақиқи онҳое, ки аз Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок мекунанд маълум нест.
Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Русия асосан зиндониён, муҳоҷирон ва шахсонеро, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, ба ҷанг мебарад.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
9 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад