logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Раиси Суди ноҳияи Ҷ.Расулов ва як судяи Суди ВМКБ барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” барканор шудаанд

Яке аз онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Your tj

11:1324.05.2023

Раиси Суди ноҳияи Ҷ.Расулов ва як судяи Суди ВМКБ барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” барканор шудаанд

Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як судяи Суди ВМКБ барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шудаанд.

Инчунин роҳбари давлат фармони барканории се судяи дигарро бинобар сабаби ба нафақа баромаданашон имзо кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Зафар Қодирзода ва Насрулло Садриддинзода барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шудаанд.

Тавре моҳи апрели соли ҷорӣ Радиои “Озодӣ” хабар дода буд, Зафар Қодирзода “дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст”.

“Ӯ ба гирифтани пора ва қаллобӣ” айбдор мешавад ва “бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст”, навишта буд Радиои “Озодӣ” бо такя ба ду манбаи хеш.

Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз вазифаи судяи Суди шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи судяи Суди ВМКБ таъин шуда буд.

Насрулло Садриддинзода бошад, то ҳол маълум нест, ки барои кадом кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя аз вазифа озод шудааст. Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Суди ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Се нафари дигар, ки имрӯз, 23-юми май бо фармони президент аз вазифаи судя бинобар расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд, Сафаралӣ Холматзода, Ҳасан Қодирзода, судяҳои Суди вилояти Хатлон ва  Сайфидин Муҳидинзода, муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.

Озод кардани судяҳо барои кирдоре, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, таҷрибаи нав нест. Қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон чандин судяро барои ин кирдор аз вазифа озод кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

12 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

12 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ