fbpx

Раиси шаҳри Тошканд аз вазифа барканор шуд. Сабаб: омодагии ғайриқаноатбахш ба сармо

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Барф дар Тошканд
Акс аз сомонаи «Газета.uz»

Шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина кушта шудааст

Булбул Давлатшоеви сокини 47 – солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ки ба гуфтаи пайвандонаш бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, “дар Украина кушта шуд”.

Намояндагони ҳукумат дар ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 11-уми январ хабари марги Давлатшоевро тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд.

Яке аз наздиконаш гуфт, ба иттилои ҷониби Русия, Булбул Давлатшоев рӯзи 19-уми октябри соли 2022 аз зиндон ба майдони ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, чӣ гуна.

Эраҷ Давлатшоев, бародари Булбул Давлатшоев, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия сабаби расмии марги ӯро “тир дар сина ва хунравии зиёд” номидаанд. Барои аъзои хонаводаи Давлатшоев рӯшан нест, ки ӯ дар чӣ шароит ба ҷанги Украина бурда шудааст.

Қаблан Евгений Пригожин, аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бар ивази ширкат дар ҷанг ба маҳбусон ваъда дода буд, ки онҳо афв карда мешаванд.

Дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шудаанд.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд.

Марги одамон бар асари сардиҳои шадаид дар Афғонистон

Шабакаи телевизионии TOLOnews рӯзи 16 январ хабар дод, ки дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон бар асари пастшавии шадиди ҳарорат ва бориши барф дастикам 20 нафар ҷон бохтанд.

Барф дар Афғонистон
Акс аз TOLOnews: Бориши барф дар Афғонистон.

Бино ба иттилои бемористони вилоятии музофоти ғарбии Ҳирот, дастикам 70 нафар бо бемории гипотермия бистарӣ шуданд ва чаҳор нафар нашъаманд, ки дар ҳавои сард дар кӯча мондаанд, фавтиданд, хабар медиҳад агентии “Фергана”.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бар асари гипотермия дар вилояти Бадғис дастикам панҷ нафар аз сардӣ ҷон додаанд. Аҳмад Ҳанзала, сухангӯи волии Бодғис гуфт, “як чӯпон ва чаҳор кӯдак бар асари гипотермия ҷон бохтанд”.

Панҷ нафар дар вилояти Хуст, ки бо Покистон ҳаммарз аст, ду нафар дар вилояти Форёб дар шимоли кишвар ва ду нафар дар вилоятии шимоли Ҷузҷон бар асари пастшавии бошиддати ҳарорати ҳаво ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар Бодғис ва дигар вилоятҳо дастикам 4000 сар чорвои калони шохдор дар сардиҳо ба ҳалокат расидаанд.

Бар асари сардии ҳаво дар чанд вилоят ҳазорҳо гектар замини кишт ва садҳо гармхона осеб диданд.

Бояд гуфт, ки ба далели сардии ҳаво дар Афғонистон барои гармидиҳӣ аксаран аз печҳои газӣ ва ангиштӣ фаъолона истифода мекунанд, ки ин ҳам боиси марги одамон мегардад.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар 10 рӯзи ахир дар манотиқи мухталифи Афғонистон дастикам 10 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз оксиди карбон ҷони худро аз даст додаанд. Сабаби марги онҳо нуксонҳои дастгоҳҳои гармидиҳие мебошанд, бо ангиштсанг ва газ кор мекунанд.

Раиси шаҳр барканор шуд. Сабаб: омодагии ғайриқаноатбахш ба сармо

Раиси шаҳри Тошканд, Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо сабаби омодагии ғайриқаноатбахш ба мавсими зимистон аз вазифа озод карда шуд.

Барканории ҳокими шаҳри Тошканд
Акс аз сомонаи Nova24.uz

Дар ин бора рӯзи 16 – уми январ дар ҷаласа оид ба чораҳои таъмин намудани захираҳои энергетикии аҳолӣ дар мавсими зимистон эълон карда шуд, хабар медиҳад Агентии “Фергана” бо такя ба иттилои котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов.

Дар маҷлис кайд карда шуд, ки вазъияте, ки дар ҷумҳурӣ ба амал омадааст, натиҷаи равшани фаъолияти роҳбарони соҳаҳо ва вилоятхо гардид. Аз ҷумла, роҳбарони ҳама сатҳҳои шаҳри Тошкент барои ба хунукиҳои зимистон тайёр набуданашон сахт танкид карда шуданд. Президент аз ҷумла аз он изҳори норозигӣ кард, ки:

  • нақшаи генералии пойтахт ханӯз тасдиқ карда нашудааст;
  • шумораи объектҳои ғайриқонунӣ сохташуда аз 250 адад гузаштааст;
  • ҳангоми додани иҷозат барои сохтмон ҳисобкунии аниқи сарбории инфрасохтори мавҷуда гузаронида намешавад;
  • барои пешгирӣ кардани яхбандии озуқаворӣ дар бозорҳо ва баланд шудани нарх чораҳо дида нашудаанд.

Ҳамаи инҳо сабаби истеъфои Ортиқхўҷаев ва се ноҳия –  Юнусобод (Баҳодур Абдувалиев), Мирзо – Улуғбек (Шавкатбек Иргашев), Учтеппа (Фарҳод Абдуллоев) гардид. Ҳар сеи онҳо аз вазифаи иҷрокунандаи ҳоким поинтар шуданд.

Фарҳод Абдураҳмонов, раиси Ҷамъияти саҳомии «Истгоҳҳои гармидиҳии электрикӣ» низ аз мақоми худ маҳрум шуд.

Ба Прокуратураи генералӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ (КДАМ) супориш дода шуд, ки фаъолияти раҳбарони болоро омӯзанд.

Бахтиёр Раҳмонов, ки ба ҳайси муовини аввали Ортиқхӯҷаев кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд таъин шуд.

Муовини Прокурори генералӣ Е.Юлдошев додситони шаҳр таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ. Сухангӯйи нав Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кист?

Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул котиби нави матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи Halva.tj аз иттилои як манбаъ аз ин ниҳод хабар дод.

Сухангӯи Вазорати маориф
Акс аз интернет: Наврӯзи Ҷумъамурод

Эҳсон Сафарзода, ки 9 сол сухангӯйи вазири маориф ва илми кишвар буд, чанд рӯз пеш аз ин мақом сабукдӯш ва сардабири нашрияи “Маърифати омӯзгор” таъйин гардид.

Гуфта мешавад, Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдули 26 – сола зодаи ноҳияи Ховалинг буда, хатмкардаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи адабии Максим Горкийи Русия дар соли 2021 мебошад.

Номбурда то замони таъйин шудан ба ин вазифа мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар буд.

Тибқи иттилои манбаъ, сухангӯйи нави вазири маориф донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва форсӣ буда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳафтаи гузашта дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад. Бад-ин тартиб, Эҳсон Сафарзода сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», Дилафрӯз Қурбонӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгор» ва Ноилшоҳ Нурализода ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» таъйин гардиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend