Раиси Кумитаи меъморӣ: Дар Тоҷикистон нархи хонаҳо назар ба дигар кишварҳо арзонтар аст

Ӯ мегӯяд, ки муайян кардани нархи хонаҳо ба чанд омил - музди маоши кормандон, қувваи истифодабарии машинаву механикаҳо ва масолеҳи сохтмон вобаст аст.


Акс аз сомонаи Азия плюс

Муҳаммадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар Душанбе арзиши миёнаи 1 метри мураббаъ хона 4 ҳазору 170 сомонӣ аст ва он дар муқоиса бо арзиши миёнаи хона дар дигар давлатҳо пасттар аст. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон аз гаронии нархи хонаҳо ва пастии сифати онҳо шикоят мекунанд.

Ба иттилои Азия плюс Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки муайян кардани нархи хонаҳо ба чанд омил – музди маоши кормандон, қувваи истифодабарии машинаву механикаҳо ва масолеҳи сохтмон вобаст аст.

“Нархи хонаҳои мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо пасттаррин аст ва кумита низ ҳаракат намуда истодааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо а хонаҳо ҳам ба инобат гирифтат шавад, то ба мардум дастрас шавад”, – афзуд Зувайдзода.

Тавре Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар медиҳад, дар шаш моҳи соли равон 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.

Ба таъкиди ин ниҳод, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар 65 шаҳру ноҳия дар 683 иншоот 802 санҷиш гузаронидааст. Дар натиҷа, 17 ҳазору 79 камбудӣ ба маблағи 705 ҳазор 480 сомонӣ ошкор шудааст.

Арзонтар гуфтани нархи хонаҳо дар кишвар нисбат ба дигар давлатҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳолест, ки ҳамарӯза аҳолӣ аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо қимат мегардад. Аҳолӣ инчунин, аз сифати сохтмони хонаҳо низ изҳори нигаронӣ мекунанд.