fbpx

Раиси Хуҷанд дастур додааст, то чароғҳои кӯчаҳои шаҳр шабона хомӯш карда шаванд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд. Акс аз сомонаи Faraj.tj

Раиси Хуҷанд: “Ҳавлидорҳо ангишту ҳезум низ истифода кунанд”

Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дастур додааст, ки чароғҳои рӯшноидиҳандаи шабонаи кӯчаҳо хомӯш ва тоблуи рекламавии мағозаву қаҳвахонаҳо, ки бо барқ фаъол аст, танзим шавад. Дар пайи ин дастур се шаб аст, ки нуқтаҳои равшанидиҳандаи ҳамаи кӯчаҳо, ба ҷузъ кӯчаи асосии Исмоили Сомонӣ дар Хуҷанд хомӯш мегардад. Мақомот мегӯяд, ин кор ба хотири сарфаи нерӯи барқ роҳандозӣ шуд.

Сардори қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ хоҷагии манзилию коммуналии Хуҷанд Абдуазиз Норхӯҷаев ба “Азия-Плюс” гуфт онҳо дар пайи дастури Фирдавс Шарифзода шабона беш аз 9 ҳазор нуқтаи равшанидиҳии шаҳрро хомӯш мекунанд. Ӯ гуфт, ба ҷузъ кӯчаи асосии шаҳр, дар дигар кӯчаҳо нӯқтаҳои равшанидиҳандаро соатҳои муайян хомӯш мекунанд.

Аз Шабакаҳои барқии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ситоди шаҳрӣ созмон ёфтааст ва ҳамакнун ба ҷузъ нуқтаҳои равшанидиҳии кӯчаҳо, тоблуи рекламавии мағозаву қаҳвахонаҳо низ танзим мешавад.

Дар пайи як дастури дигари шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, сокиноне, ки дар хонаҳои заминӣ ё ҳавлӣ ба сар мебаранд, бояд ба роҳи ҷойгузини (алтернативӣ) гарм кардани хонаҳояшон рӯй оранд. Маъмур Юсуфзод, сухангӯйи шаҳрдорӣ бо тайиди ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт ин дастур дар як ҷаласаи умумии мақомот ба масъулин дода шуд, то бо сокинон дар маҳалҳо фаҳмонанд. Вай гуфт, сокиноне, ки дар хонаҳои заминӣ зиндагӣ мекунанд, бояд бо ангишту ҳезум хонаро гарм кунанду хӯрок пазанд, на бо дастгоҳҳои барқӣ. “Раиси шаҳр дастур дод, ки ҳатман роҳҳои алтернативиро бошандагони хонаҳои заминӣ истифода баранд”, – гуфт сухангӯйи раиси Хуҷанд.

Дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи роҳандозии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт хабар медиҳад.

Тавре дафтари матбуоти БМТ хабар медиҳад, қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” моҳи августи соли равон қабул шуда, зарурати он аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори суғуртавӣ маънидод мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин санад ба амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ, таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагон кафолат дода мешавад.

Арзиши чунин суғурта дар ҳаҷми аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шудааст.

Суғуртаи автобусу троллейбус, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисоб ва мотсикл – 1 нишондиҳанда муқаррар шудааст.

Ҳамчунин ба соҳибони воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт вайрон наардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ имтиёз дода мешавад.

Масалан, ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5% , аз 10 то 15 сол – 10%  ва аз 15 сол ва зиёда аз он – 20% кам карда мешавад.

Маблағи ниҳоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (49 080 сомонӣ аз соли 2021) муқаррар карда шудааст.

Ҳодисаҳои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ аз ҷониби суғуртакун дар ҳаҷми то 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (32,7 ҳазор сомонӣ аз соли 2021) ва барои молу мулк то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (14 220 сомонӣ аз соли 2021) ҷуброн карда мешавад.

Ситоди истифодаи сарфакоронаи барқро Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад, ба ӯ занг занед

Намояндагони ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз истифодаи неруи барқ дар манзили истиқоматии сокинон дидан намоянд. Дар ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ нисбат ба соҳибхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, иттилоъ доданд аз ВКД ба «Азия-Плюс».

Ӯ ВКД гуфтаанд, роҳбари ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии кишвар буда, мақсади ситоди мазкур гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, сокинон барои он, ки бовари комил дошта бошанд, ки тафтишкунандагон намояндагони мақомотҳои масъул ҳастанд ва мақсад гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунии неруи барқ мебошанд аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб намоянд. Инчунин илова кард, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани суолҳо ва ё дархосте, сокинон метавонанд ба шумораи телефони боварии вазири корҳои дохила 221 – 27 – 27 тамос бигиранд.

Шакли электронии китоби “Тоҷикон” дар сомонаи Академияи улум дастрас шуд

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров, – “Тоҷикон”-ро дар ҳамаи сомонаҳои мутааллиқ ба ин ниҳод нашр кардааст. Акнун пажуҳишгарон метавонанд аз тариқи сомонаҳои марбути Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муҳтавои китоби “Тоҷикон” шинос шаванд

Манбаъ зикр кардаст, ки китоби “Тоҷикон”-ро академик Бобоҷон Ғафуров аз мавқеи таълимоти марксистӣ–ленинӣ навишта, дар он таърихи тоҷиконро дар давраҳои қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна баррасӣ намудааст.

“Агарчи ин китоб нимаи дувуми садаи гузашта ба табъ расида бошад ҳам, аммо то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, рӯз аз рӯз эътибори он меафзояд”, – омадааст дар матлаб.

Инчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дода буд, ки ба ҳар як хонадон дар кишвар китоби “Тоҷикон” тақдим карда шавад.

Сарояндаи тоҷик нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд, хабар медиҳад торномаи ин ниҳод.

Овозхон аз соли 2019 инҷониб фаъолияти Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ мекунад, қайд мешавад дар хабарнома.

Ӯро ба ин кор таҷрибаи аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки барои хонаводааш боиси тарк кардани ватан шудааст, водор намуд.

“Дафтари СММ оид ба гурезагон имрӯз таъин шудани сарояндаи мустақил ва хайрхоҳ Манижаро ба ҳайси сафири ҳусни нияти худ эълом мекунад. Барои нахустин бор дар таърихи СММ дар умури паноҳандагон, ситорае аз Русия ҳимоятгари гурезагон мешавад”, – омадааст дар изҳорот.

Дар навбати худ, Манижа изҳори умедворӣ кард, ки бо ин роҳ бештари одамон дарк хоҳанд кард, ки гурезагон бо ҳунару заковати худ метавонанд ба ҷомеа нафърасон бошанд.

37 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 14-уми декабр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 37 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 12741 нафар расид.

Аз оғози пандемия то имрӯз 88 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12172 нафар баробар шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend