fbpx
0

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфт, зиёд шудани соатҳои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи “Норак” ва ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Ӯ рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки бо вуҷуди ин интизор меравад, дастрасии аҳолӣ ба барқ дар моҳи Рамазон, ки аз 18-уми феврал оғоз мешавад, беҳтар гардад.

Маҳмадумар Асозода, Раиси “Барқи тоҷик”

Ба гуфтаи Асозода, ҳоло дақиқ гуфтан мумкин нест, ки маҳдудияти барқ то чӣ андоза сабук мешавад ва аҳолӣ чанд соати иловагӣ барқ мегирад. Ӯ гуфт, соатҳои дақиқи зиёдшавии таъминот дар рӯзи оғози Рамазон, бо назардошти сатҳи оби Норак ва резиши об ба Вахш муайян карда мешаванд ва тибқи пешниҳодҳои ҳукумат иҷро хоҳанд шуд.

Раиси “Барқи тоҷик” иттилоъ дод, ки то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори Норак каме бештар аз 885 метрро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни об ба дарёи Вахш низ дар айни ҳол тадриҷан аз нишондиҳандаи миёна зиёдтар мебошад. Мақомот мегӯянд, нуқтаи баландтарини пуршавии обанбор 910 метр ва ҳадди пасттарини он 857 метр аст.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by YOUR TJ (@your_tj)

Қаблан вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа низ гуфта буд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва эҳтимол дорад, аҳолӣ бештар бо барқ таъмин гардад, аммо ҳаҷми дақиқи зиёдшавии соатҳоро вобаста ба резиши об дар дарёҳо номбар накарда буд. Ба гуфтаи ӯ, айни замон аҳолӣ дар як шабонарӯз 7 соат — аз соати 5:00 то 8:00 субҳ ва аз 17:00 то 21:00 шом бо барқ таъмин аст.

Дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ одатан аз охири тирамоҳ оғоз шуда, то нимаи баҳор идома мекунад ва ду соли охир аз нимаи дуввуми моҳи сентябр ҷорӣ шудааст. Имсол сокинон аз “лимит”-и шадиди барқ нигаронӣ карда, гуфтанд, ки баъзан дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2–4 соат барқ мегирифтанд ва ин реҷа низ на ҳамеша риоя мешуд. Мақомот мушкилро ба камобӣ ва коҳиши резиши об рабт дода буданд.

Масъулини соҳа қаблан таъкид карда буданд, ки то пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи “Роғун” маҳдудияти барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми ахираш ба парлумон гуфта буд, ки чархаи сеюми нерӯгоҳи “Роғун” моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода мешавад ва баъди он кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend