Радиои Озодӣ: Раиси пешини Кӯлоб пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо шудааст

Баҳром Иноятзода раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, ки бо ҳукми додгоҳ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, пеш аз анҷоми муҳлат аз маҳбас озод шудааст, хабар дод Радиои Озодӣ. Мақомоти расмӣ то ҳол дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари Иноятзода, ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки ӯ ду ҳафта пеш аз зиндон раҳо шуда, ҳоло дар Душанбе таҳти табобат қарор дорад:

«Ӯро афв карданд ё бахшиданд, аниқашро намедонем. Худаш ҳам чизе нагуфт, вале мо хеле хурсандем, ки ӯ дар озодӣ аст»,- гуфтааст Иззатова.

Ба гуфтаи хоҳараш, Иноятзода айни замон бо доруҳои гуногун табобат мегирад ва саломатиаш пурра барқарор нашудааст.

Баҳром Иноятзода моҳи ноябри соли 2020 барои “сӯистифода аз мансаб, ришваситонӣ ва азонихудкунии моликияти ғайр” маҳкум шуда буд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ ҳукмро “беадолатӣ” хонда, дар сухани ахираш гуфта буд, ки “барои обод кардани Кӯлоб 12 сол доданд”.

Иноятзода пеш аз раиси Кӯлоб будан, раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллӣ ҳам будааст. Номи ӯ соли 2020 пас аз танқиди ширкати марбут ба писари Бег Сабур ба сархати хабарҳо баромад.

То ҳол ниҳодҳои расмии Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки озодии ӯ бо кадом асос сурат гирифтааст.

Skip to toolbar