Радиои Озодӣ дар Русия

Радиои Озодӣ дар Русия “созмони номатлуб” эътироф шуд. Ин ба корбарони Озодӣ дар ФР чӣ хатар дорад

Вазорати адлияи Русия медиа-корпоратсияи “Радио Свободная Европа/Радио Свобода” (бахши тоҷикии он “Радиои Озодӣ”) ва шабакаи телевизионии “Настоящее время”-ро созмони “номатлуб” эътироф кардааст.

Барои ҳамкорӣ бо созмонҳои “номатлуб” ва маблағгузории онҳо дар Русия ҷавобгарии ҷиноятӣ – то панҷ соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳолати ҳама гуна шарҳгузорӣ ва паҳн кардани маводи созмони “номатлуб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазои аз ҳама сабук ҷавобгарии маъмурӣ шуда метавонад ва дар ҳолати дубора такрор ёфтан боиси парвандаи ҷиноятӣ мешавад.

Радиои Озодӣ, бахши тоҷикии “Радио Свобода”, дар миёни тоҷикони Русия маҳбубияти зиёде дорад. Аммо ҳоло бознашри матолиби ин расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад.

Тоҷикистониёни муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дошта аз чӣ бояд эҳтиёт бошанд? Дар матлаби мо бихонед.

Чаро чунин шуд?

“Радио Свободная Европа/Радио Свобода” корпоратсияи мустақили расонаҳои амрикоӣ мебошад, ки аз ҷониби Конгресс тавассути Агентии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Холдинг бо 27 забон дар 23 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад.

Рӯзи 20 феврал маълум шуд, ки Вазорати адлияи Русия медиахолдинги “Радио Свободная Европа/Радио Свобода”-ро ба феҳристи созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ ва байналмиллалӣ шомил кардааст, ки фаъолияташон “номатлуб” эътироф шудааст. Ба ин аз ҷумла, бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дохил мешавад.

Қаблан, моҳи декабри соли 2017 Вазорати адлияи Федератсияи Русия ин корпоратсияро ба феҳристи “агентҳои хориҷӣ” шомил карда буд.

Моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина, Роскомнадзор сомонаҳо ва ҳисобҳои лоиҳаҳои русзабони “РСЕ/РС”-ро барои худдорӣ аз ҳазфи маълумот дар бораи ҷанг масдуд кард.

Унвони “созмони номатлуб” чӣ маъно дорад?

Ба феҳристи “номатлуб”-и Русия созмонҳое дохил мешаванд, ки ба гуфтаи мақомоти Русия, фаъолияташон ба пояҳои сохти конститутсионӣ, амният ва тавоноии дифоии кишвар таҳдид мекунад.

Дохил шудан ба ин феҳрист маънои онро дорад, ки фаъолияти ин созмон дар кишвар мамнӯъ аст ва ба шаҳрвандони Русия бо таҳдиди таъқиби ҷиноятӣ ҳамкорӣ бо он манъ шудааст.

Мақоми “созмони номатлуб” баъзе маҳдудиятҳоро ҷорӣ менамояд, ки вайрон кардани онҳо метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ гардад.

Тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русия доранд ва дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, чиро бояд ба назар гиранд?

Тавре ҳуқуқшинос Максим Оленичев дар шабакаи телевизионии “Настоящее время” қайд кард, ҳама гуна бознашри маводи “созмони номатлуб”, аз ҷумла танҳо истинод (ссилка)-ҳо ба онҳо қонуншиканӣ ҳисобида мешавад.

Ҳатто паёмҳои марбут ба лоиҳаҳои “Радио Свободная Европа”, ки пештар интишор шуда, вале то ҳол дастрас бошанд, низ интишори маводи иттилоотии “созмони номатлуб” ҳисобида мешаванд.

Қонуншикании дигар метавонад бо иштирок дар фаъолияти “созмони номатлуб” алоқаманд бошад, ки онро қонунгузорӣ ва таҷрибаи судии Русия хеле васеъ шарҳ медиҳанд.

Ҳама гуна шарҳ ба “созмони номатлуб”, ҳама гуна ҳамкорӣ ё пешниҳоди маълумот метавонад барои шаҳрвандон аз 5 то 15 ҳазор рубл (аз 54 то 162 доллар) ҷавобгарии маъмурӣ дошта бошад.

Агар аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури қарор қабул карда шуда, пас аз он ҳуқуқвайронкунии дубора ошкор карда шавад, ин метавонад аллакай боиси оғози парвандаи ҷиноятӣ гардад.

Инчунин, барои иштироки такрорӣ дар фаъолияти “созмони номатлуб”, ба муҳлати то чор сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

Маблағгузории “созмони номатлуб” ё интиқоли ҳама гуна хайрия метавонад фавран боиси оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ гардад ва ҷазои сахттарин то панҷ соли зиндон аст.

Оё барои лайк, шарҳ ва обуна ба шабакаҳои иҷтимоии лоиҳаҳои “РСЕ/РС” ҷавобгарӣ вуҷуд дорад?

Ба гуфтаи Максим Оленичев, тамошои муҳтаво ва лайк манъ нест. Аммо ҳуқуқшинос аз паҳн кардани маводи “созмони номатлуб” ҳушдор медиҳад.

Аз ҷумла, ӯ бознашр ё паҳни пайванд “ссилка”-ҳоро дар дастрасии умум тавсия намедиҳад.

Обуна шудан ба каналҳои телеграмм ё Facebook ва баъзе платформаҳои дигар нақзи қонун нест, таъкид мекунад Оленичев.

Аз ҳама муҳим ин паҳн накардани иттилоот, яъне пайвандҳо (ссилкаҳо) ё бознашрҳо.

Оё метавонанд бар зидди шахсоне, ки дар Русия зиндагӣ намекунанд, парвандаи ҷиноятӣ боз кунанд?

Ҳатто нисбати шахсоне, ки дар Русия истиқомат намекунанд, вале шаҳрвандии Русияро доранд ва ба ин васила фаъолияти “созмони номатлуб”-ро ташкил медиҳанд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардан мумкин аст.

Оё муҳоҷирони тоҷики бидуни шаҳрвандии Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Ба эҳтимоли зиёд, ҳа, агар ин амал дар қаламрави Русия содир шуда бошад. Дар ин ҳолат онҳоро ҷарима ва ба эҳтимоли зиёд ихроҷ (депортатсия) интизор аст.

Skip to toolbar