fbpx

Рағзабофи ҳунари мардумӣ. Кӣ дар Тоҷикистон онро равнақ медиҳад

Саргузашти зани рағзабоф аз Панҷакент, ки зиндагиашро ба ин ҳунар бахшидааст


0

Анварой Раҳимова аз шаҳри Панҷакент ҳанӯз аз хурдсолӣ ба рағзабофӣ машғул аст. Ин ҳунарро ӯ аз бибиву модараш ба мерос гирифтааст. Анварой имрӯз идомадиҳандаи касби аҷдодиаш аст ва талош дорад, ки он аз байн наравад.  Барои ин ӯ ба хоҳишмандон ин ҳунарро ройгон меомӯзонад, то ин ҳунари қадимӣ аз байн наравад.

Бачам боз корамро вайрон кардӣ…”

Холаи Анварой гилемхои қоқ, патдор ва яклухт мебофад. Ҳамчунин шогирдони зиёдеро тарбият менамояд. Тавре ӯ мегӯяд ба ин ҳунар ҳанӯз аз кӯдакӣ шавқ пайдо карда буд.  Аз ҳамин хотир, доим дар гирди дӯкони модару бибӣ мегашт.

“Вақте ки калонҳои хона ба гилембофӣ шурӯъ мекарданд, ман аз гирди онҳо дур намерафтам. Ҳамин ки онҳоро дур медидам, зуд рафта, ба дӯкони онҳо мерасидам. Доим кори онҳоро вайрон мекардам.

Бечора бибиям танҳо мегуфтанд, ки бачам боз корамро вайрон кардӣ? Акнун ман маҷбурам, ки аз нав шурӯъ кунам. Вақте мактабхон шудам ба ман оҳиста оҳиста нозукиҳои корро омӯзониданд. Акнун ман ба онҳо дастёр будам ”,- бо ханда қисса кард, ӯ.

“Духтарҳо ба хондан раванд, дигар шавҳар намеёбанд…”

Гарчанде холаи Анварой мехост мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шавад, аммо ба ӯ иҷозати идомаи таҳсилро надоданд. Ӯ натанҳо ба донишгоҳ дохил нашуд, балки мактаби миёнаро низ то охир нахонд. Орзуи тарроҳ шудани Анварой амалӣ нашуд.

“Дар оилаи мо 3 духтар буду 4 писар. Ҳама писарҳо маълумоти олӣ доранд, аммо духтарҳо не, чунки ҳамон вақтҳо дар деҳоти мо мардум нигоҳи танг доштанд. Намегузоштанд, ки духтарҳо ба хондан раванд. Чун фикр мекарданд, ки агар духтарҳо ба хондан раванд, дигар шавҳар намеёбанд. Аз ҳамин хотир, маро пас аз синфи ҳаштум дигар ба мактаб рафтанӣ намонданд”,- мегӯяд, Анварой Раҳимова.

Пас аз шавҳар кардан низ холаи Анварой касбашро идома дод. Ӯ ба хонаи муштариён мерафт, андозаи ҳуҷраҳоро мегирифт ва ба омода кардани дархост мепардохт.

“Аз шогирдонам пул талаб накардаам…”

Ҳоло қаҳрамони мо як ҳуҷраи хонаашро ба коргоҳи бофандагӣ табдил додааст. Ӯ вақте дид, ки ҷавонон ба ин намуди ҳунар завқ надоранду, ҳунари аҷдоди дар айни нестшавист, ҷавондухтарони деҳаро ба омӯзиш ҷалб кард.

Анварой Раҳимова соли 2014 барои дарёфти грант ба раиси вилояти Суғд дархост медиҳад ва пас аз бурд боз бештар ҷавононро ба омӯзиш фаро мегирад.

“Ман дар ҳавлиям 8 ҳуҷра дорам ва дар яке аз он ҳуҷраҳо духтарҳо ва занҳои деҳа омада ҳунари гилембофиро (рағза) аз худ мекунанд. То ҳол ман зиёда аз 52 шогирд тарбият кардаам ва аз онҳо бар ивази корам ягон маротиба маблағ напурсидаам”,- мегӯяд, Анварой Раҳимова.

Гилем барои сайёҳон

Баъди эълон гардидани “Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” Анварой ба хулосае меояд, ки аз ин ҳунар  даромади хубе ба даст овардан мумкин аст. Ӯ барои сайёҳон гилемҳои ҳаҷман хурд омода мекард, то барои бурдан мувофиқ бошад.

“Ман барои сайёҳон гилемҳое омода мекардам, ки ҳаҷми онҳо набояд аз 60-80 см зиёд бошад. Чун ин армуғонро онҳо метавонанд ба кишварҳояшон баранд. Ман зиёдтар гилемҳои бофтаамро бо гулҳо ва нақшҳое, ки маданияти аҷдодони моро муаррифӣ мекунад, ороиш медиҳам”, – мегӯяд, Анварой.

Чӣ гуна гилемро мебофанд?

Барои тайёр кардани як гилем (рағза) Анварой пашмҳои бузу гӯсфандро шуста, онҳоро бо шадда мезанад ва аз пашмҳо ришта тайёр мекунад. Риштаҳоро ранг карда, дар масофаи 15-20 метр аз ду тараф дар мехҳои 50 – 60 см мебандад.

“Вақте ки риштаҳои ранг карда хушк мешаванд ба бофтани гилем шурӯъ мекунем. Дар чӣ қадар вақт тайёр шудани як рағза ба вазни он вобаста аст”,- мегӯяд, холаи Анварой.

Холаи Анварой дар Душанбе хона дорад, аммо дар шаҳр зиндагӣ карда наметавонад, чун бекор мемонад.

“Ман бекор монам зиқ мешавам. Дар шаҳр кор карда наметавонам, барои ҳамин боз ба деҳа бармегардам. Занҳои ҳамсоя дар Душанбе аз ман хоҳиш карданд, ки ба онҳо ҳам ин ҳунарро омӯзонам. Аз сабабе, ки асбобҳои гилембофӣ хеле вазнин ҳастанд, ман наметавонам, ки онҳоро ба шаҳр барам”,- мегӯяд, ӯ.

Якчанд шогирди Анварой Раҳимова, аллакай, устод шудаву дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон ба дигар духтарҳо ҳунари гилембофиро меомӯзонанд. Анварой аз он мефахрад, ки тавонист ба касе ҳунар омӯзад.

“Ман ба мақсадам расидам. Орзу доштам, ки ҳунари гилембофӣ аз байн наравад. Ҳамин корро ҳам кардам. Яъне ман ба шогирдонам омӯзондам, шогирдонам бошад ба дигарҳо омӯзонида истодаанд.”, – мегӯяд, рағзабоф Анварой Раҳимова.

Аминҷон Раҳматзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend