Лола Шарипова дар Олмон ба намояндагони миллатҳои гуногун санъати рақси тоҷикиро меомӯзонад. Ӯ ҳамагӣ 14 нафар шогирд дорад.
Лола дар ҳамкорӣ бо Ҷамъяти точикони муқими Олмон маҳфили рақси тоҷикиро дар назди ин ҷамъият ба роҳ монд. Дар ин маҳфил духтарони аз 5 то 16 сола бо омӯзиши рақси тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд. Аз инҳо ду духтари тоҷик ва ҳамчунин намояндагони миллатҳои олмонӣ, рус, қазоқ, озарӣ ва мамлакатҳои ИДМ ҳастанд.
Муаллифи Your.tj бо Лола ҳамсуҳбат шуд ва аз муваффақиятҳои ӯ дар Олмон нақл кард.
Муаррифгари рақси миллӣ
Қаҳрамони мо 24 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи гимназияи олмонии ба номи “Гёте” аст. Тӯли шаш сол мешавад, ки Лола дар Олмон қарор дорад ва дар риштаи журналист – барномасози Донишгоҳи Hochchule fur angewandte Wissenscaften (HAW Hamburg) таҳсил мекунад.
Ӯ баъди анҷоми соатҳои дарсии донишгоҳ вақти худро холӣ намегузаронад. Бо Ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон ҳамкории зичи фарҳангиро ба роҳ мондааст. Пайваста дар чорабиниҳои консертӣ, ки аз тарафи ҷамъият бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди Меҳргон, Наврӯзи байнамилалӣ ва дигар ҷашну маросимҳо баргузор мегардад, бо иҷрои рақси миллӣ ба чорабиниҳо рӯҳу шукӯҳи тоҷикона мебахшад.
Лола дар маҳфили рақс ба шогирдони худ чӣ тавр эҳсос намудани мусиқӣ ва вобаста ба оҳанг ҳаракат карданро меомӯзонад. Ӯ мехоҳад, ки бо ин васила санъати миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён шиносонад.
“Ман кӯшиш мекунам, ки ба шогирдонам ҳамаи намудҳои рақси тоҷикиро омӯзонам. Бештар дар ҳавои мусиқии зарафшонӣ, кӯлобӣ ва зери садои доира ҳаракатҳои рақси тоҷикиро иҷро мекунанд, ки барои онҳо бисёр ҳам хушоянд ва шавқовар аст. Рӯзҳои наздик нақша дорем, ки дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон мавсими дуюми лоиҳаи рақсро эълон карда, ба иштирокчиёни нав рақси миллии тоҷиконаро омӯзам”, – мегӯяд ӯ бо ҳаяҷон.
Саёҳат ба олами рақс
Лола аз кӯдакӣ рақсиданро дӯст медошт. Ҳамин ки навои мусиқиро мешунид, зуд аз ҷой бархоста мерақсид. Модараш муҳаббати Лоларо нисбати рақс эҳсос карда, вайро ба маҳфили рақси шарқӣ – арабӣ гузошт. Он замон Лола 4 ё 5 сола буд.
Ӯ аввалин либоси рақсии худро дар ёд дорад. Ин либоси рақсии арабие буд, ки ҳар як қисмати он бо сангҳои махсуси ороишӣ пур карда шудааст. Ин либосро барои Лола модараш, ки бо тарроҳии либосҳо машғул аст, дӯхта буд. Вақте ӯ аввалин рақси худро баъд аз машқи чандрӯза омода намуд, модараш пешниҳод кард, ки Лола либоси навро пӯшида рақси худро барои падар сюрприз кунанд. Ҳамин тавр, нахустин тамошобини рақси Лола оилаи ӯ буд.
“Саёҳати ман ба олами рақс аз ҳамон рӯз шуруъ гардид. Минбаъд дар ҳамаи чорабиниҳои гимназия бо иҷрои навъҳои гуногуни рақси арабӣ иштирок мекардагӣ шудам. Вақте бо ҷуссаи хурдакаки худ дар маросимҳо мерақсидам, тамошобинон барои дастгирии ман қарс мезаданд”, – ба хотир меорад ӯ.
Ҳангоме Лола ҳамагӣ 9 сол дошту дар синфи 2 таҳсил менамуд, яке аз ҳамсинфонаш, ки дар маҳфили рақси тоҷикӣ иштирок мекард, ҳаракатҳои рақси миллиро ба ӯ нишон дод. Лола аз ҳаракатҳои мавзуни рақси тоҷикӣ ба ҳайрат омад ва аз дугонааш пурсид, ки оё ӯ низ метавонад бо ӯ ба дастаи рақси тоҷикӣ равад. Сипас дугонааш Лоларо ҳамроҳи худ ба гурӯҳи рақсии “Гулноз” бурд.
Дар варзишгоҳ духтарони гурӯҳи рақсӣ барои пешвозгирии Президенти кишвар дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ медиданд. Лола бо дугонааш тозон омаду аз қатори охирин ҷо гирифта, кӯшиш мекард мисли дигар духтарон бирақсад. Муаллимаи рақс Гуландом Зокировна дар гурӯҳи худ раққосаи навро дидан замон, назди худ ба қатори пеш даъват кард. Лола ҳамроҳи муаллима ба рақсидан шуруъ намуд. Муаллима фаҳмид, ки ин духтарак воқеан соҳибистеъдод аст. Худи ҳамон рӯз Лола ба узвияти ансамбли рақсӣ қабул гардида, ҳамеша дар қатори аввал меистодагӣ шуд.
“Вақти рақсидан мекӯшам, ки ритми оҳангро ҳис кунам ва вобаста ба матни суруд бирақсам, то ин ки маънои хос ҳосил гардад. Ҳангоми рақсидан ҳама чизро фаромуш мекунам, зеро на танҳо вуҷуду дасту пойҳоям, балки фикру хаёлам низ мерақсад. Шояд аз ин сабаб бошад, ки маро дар бисёр чорабиниҳои вилоятию сатҳиҷумҳуриявӣ даъват мекарданд ”, – қайд кард Лола.
Гурӯҳи рақсии “Гулноз” танҳо духтарони то синни 14 -ро ба рақс меомӯхт. Вақте Лоларо ба синни ҷавонӣ қадам монд, вайро ба ансамбли рақсии “Чаманоро” даъват карданд. Аммо ӯ натавонист, ки ҳамкориро бо ин даста ба роҳ монад, зеро барои дохилшавӣ ба донишгоҳи Олмон омодагӣ медид.
“Марқади ишқи рақс”
Лола боре дар яке аз чорабиниҳои консертии давлатӣ ба суруди сарояндаи тоҷик Зикриоллоҳ рақсид. Аз зебо рақсиданҳои ин духтарак Зикриоллоҳ ба ваҷд омада, аз ӯ пурсид, ки чанд сол дорад. Вақте Лола бо забони русӣ ҷавоб дод, ки “двенадцать”, яъне 12 сол дорад, Зикриоллоҳ иштибоҳан “девятнадцать”, гӯё 19 сола шунид. Вақте такроран гуфт, “не девятнадцать, а двенадцать” (19 сола не, балки 12 сол дорам), сароянда ба ҳайрат омад. Зеро чеҳраи зебою бо рангубор ороишёфта, қадду қомати расо ва рақсро ба ҳадди касбӣ иҷро намудани Лола, ҳар касро водор месохт, ки синну соли ин раққосаи кӯчакро бузургтар фикр кунад.
“Зикриоллоҳ таклиф кард, ки тариқи шартнома раққосаи шахсии вай шавам, вале ман рад намудам. Ӯ боз ҳам чандин бор чунин даъват кард, ман напазируфтам. Зеро рақсро на ҳамчун касб ва тавлидкунандаи сармояи пулӣ, балки ҳамчун мояи дилхушӣ, яъне ҳобии худ медонам”, – гуфт қаҳрамони мо.
Ба андешаи Лола дар Осиёи Миёна ба духтарони раққоса на ҳама бо назари нек менигаранд. Маҳз дар кишвари мо барои раққоса будан мебояд, ки сабру таҳаммули зиёд дошта бошӣ. Дар мамлакатҳои Шарқ камтарин одамон ба намояндагони санъати рақс эҳтиром доранд. Бештари духтароне, ки арғушт рафтанро дӯст медоранд ва истеъдоди баланди раққосиро балад ҳастанд, бо сабабҳои маъмулӣ наметавонанд, ки орзуи худро амалӣ намоянд. Яке аз ин сабабҳо иҷозат надодани волидон аст, ки аз писхандзанию ғайбати хешу шиносон ҳарос доранд. Ё сабаби дигараш, бештари ҷавонмардони мо намехоҳанд, ки бо раққоса оиладор шаванд. Аз ин рӯ духтарон муҳаббати рақсро дар дили худ гӯр мекунанд, – мегӯяд Лола ва ба сухани худ илова мекунад, ки: вале волидонам ҳамеша маро дар ин бобат дастгирӣ мекунанд.
Лола – дастёри гурезагон
Лола аз устоди рақси худ асосан ҳаракатҳои рақси кӯлобиро аз худ кардааст. Аз ин рӯ дар курсҳои гуногуни рақсии Олмон иштирок мекунад, то аз бештари намуди рақсҳои дунё огоҳ бошад. Ӯ мегӯяд, ки одатан ҳангоми дар метро нишастан бо пайвастани гӯшмонак ба телефон мусиқӣ гӯш мекунад. Дар ҳар як оҳанги мусиқӣ беихтиёрона фикр мекунад, ки дар ин ё он ритмҳо маҳз ҳамон ҳаракатҳои махсус мувофиқ аст. Лола агар як шоуи рақсӣ омода карданӣ бошад, басанда аст, ки муддати як ҳафта омодагӣ бинад.
Қаҳрамони мо айни замон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон, дар яке аз корхонаҳои хизматрасонии IT фаъолият мебарад. Ба иттилои ӯ, дар ин мамлакат дарёфти ҷойи корӣ новобаста аз надоштани шиносномаи шаҳрвандии Олмон душвор нест. Танҳо донистани хуби забони олмонӣ, ё ба дараҷаи олӣ донистани забони англисӣ муҳим аст.
Иловатан ӯ тарҷумонӣ низ мекунад. Ба шаҳрвандони Украина, ки баъд аз ҳамлаи ҳарбии Русия барои паноҳҷӯӣ ба Олмон омадаанд, бидуни музди кор барои тарҷума ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ёрӣ мерасонад. Аз ин хайрхоҳии Лола шаҳрвандони Русия ҳам, ки баъд аз сафарбаркунӣ дар мамлакати худ ба Олмон фирор кардаанд, мустасно нестанд. Албатта ҳамеша бо кор шуда рақсро низ фаромӯш намекунам, мегӯяд Лола хандида.
Раққос, журналист ё барномасоз?
Падари қаҳрамони мо архитектор аст. Модараш агарчи бо тарроҳӣ машғул аст, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, волидонаш ҳеҷ гоҳ дар мавриди интихоби касб ба ӯ дахолат накардаанд. Онҳо ҳуқуқи интихобро ба дасти духтарашон супорида буданд.
“Овони кӯдакӣ ҳама аз ман мепурсиданд, ки калон шавам кадом касбро интихоб мекунам. Холаи ман дар бонк кор мекард. Намедонам чаро, аммо мехостам мисли вай шавам. Аз ин лиҳоз мақсад доштам, ки ихтисоси кори бонкиро интихоб намоям. Вақте бузургсолтар шудам дарк кардам, ки барои пешаи дигар сохта шудаам”, – қайд намуд Лола.
Ӯ ба саволи “чаро дар риштаи дуихтисоса таҳсил гирифтӣ?”, ҷавобан мегӯяд, ки ба тадқиқоти масъалаҳои мубрами рӯз, ба таври оҷилӣ расонидани ахбор ва суханварии журналистон завқам меомад, аз ин сабаб хостам худро дар ин самт санҷам. Барномасозӣ бошад нахуст барои ман шавқовар аст ва дуюм дар замони муосир дар дилхоҳ нуқтаи замин, махсусан дар Олмон бо ин касб ҷойи хуби кориро пайдо намудан мумкин аст.
Ин духтари фаъоли ҷамъиятӣ низ мисли дигар ҷавонони муосир лаҳзаҳои фароғатии худро дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм расонаӣ карданро дӯст медорад. Ӯ дар саҳифаи худ 24.9 к. пайгирони фаъол дорад.
Лола охирон бор дар мавҷи якуми пандемия ба Тоҷикистон омада буд. Муддати 6 моҳ бо аҳли оилаи худ аз ҳавои ватани аҷдодӣ баҳраманд шуд. Боз ҳам бо сабаби таҳсил водор шуд, ки ба Олмон баргардад.
Ӯ мехоҳад, ки баъд аз хатми донишгоҳ оилаи солиму намунавӣ барпо намуда, бо рақс барои ҳамешагӣ ва ба тарзи ҷиддӣ машғул шавад. Лола инчунин дар оянда мақсад дорад, ки шумораи иштирокчиёни маҳфили рақсии худро зиёдтар намуда, ба мактаби рақси миллии тоҷикӣ дар Олмон табдил диҳад.
Нодира СОБИРЗОД