“Рақобати тиллоӣ”. Эмомалӣ Нуралӣ чӣ гуна қаҳрамони ҷаҳон шуд?

Варзишгари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон байни намояндагони 63 давлати дунё соҳиби медали тилло шуд. Дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад. Эмомалӣ дар асл як бачаи одии деҳотӣ аст, ки тамринро дар он ҷо огоз кардааст. Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти варзишии ин қаҳрамон муаллифи Your.tj Ҷовидон Раҳмоналиев нақл мекунад.

Аслан Нуралӣ номи подари варзишгар аст, номи аслиаш Эмомалӣ аст. Чун ҳангоми додани шиноснома хатоӣ ба миён омад, ӯ бо номи Нуралӣ машҳур шуд.

Ҷараёни мусобиқа

Рақобати Эмомалиро дар ин мусобиқа аксарият рақобати тиллоӣ номиданд, чунки ин варзишгари умедбахши тоҷик бо вуҷуди тамоми ноҳаққиҳои доварони мусобиқа рӯҳияи худро аз даст надода, ҳамоно барои ба даст овардани медали тилло талош менамуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон аз санаи 10 то 13 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали мусобиқа ба даст овардани медали тилло як дастоварди бузургест буд, ки мардуми тоҷикро шод кард.

Эмомалӣ дар қувваозмоиҳо дар вазни 66 кг дар даври аввал ба варзишгари Италия Валерио Аккоглӣ, дар даври дуюм бар варзишгари фаронсавӣ Максим Моунданга, дар даври чорякфинал бар варзишгари турк Муҳаммад Демирел, дар нимфинал бар Раду Извориану аз Молдова ва дар финал бар Азизбек Ортиқов аз Ӯзбекистон ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро миёни давлатҳои дунё баланд бардошт.

 

Мактаби варзишии падар

Эмомалӣ Нуралӣ соли 2002 дар деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Дар муассисаи таълимии №47, ки падараш дар онҷо омӯзгор буд, таҳсил намудааст. Падари хонадон Нуралӣ Бобокалонов дар баробари омӯзгорӣ дар деҳа толори варзишӣ дошт, ки онҷо шогирдонро тарбият менамуд.

Аз синни 8-солагӣ падар Эмомалиро ба толори варзишии худ бурд ва аввалин устоди ӯ дар риштаи гӯштини ҷудо шуд.

“Мо дар оила 8 нафар ҳастем, се писар ва панҷ духтар. Ба варзиш танҳо ману додарам рӯ овардем. Падарам аз ҷавониашон ба варзиш шавқ доштанд, аз ин рӯ дар ноҳия тамринҳо барои кӯдакону наврасон ташкил карданд. Маҳз заҳмат ва пешбарии падарам буд, ки ман имрӯз варзишгари касбӣ шудам”, – мегӯяд, Эмомалӣ.

Новобаста аз он, ки Эмомалӣ пурра ба варзиш машғул буду алакай роҳашро интихоб намуда буд, пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон тамринҳои худро дар Клуби варзишии Парвиз Собиров оғоз намуд ва устоди минбаъдаи ӯ дар ин роҳ Фарух Собиров шуд.

Эмомалӣ мегӯяд, ки маҳз бо дастгирӣ ва пешниҳоди Фарух Собиров ба Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон даъват шуд.

“Аз синни 12 дар мусобиқаҳои гӯштин иштирок мекардам. Сараввал мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва инак дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда истодаам.

Ба ин ҳама шукр мекунам ва ифтихор дорам, ки аз як толори хурди варзишии деҳа ба ин мартабаҳо расидам. Акнун на танҳо номи ноҳияаамро мебардорам балки парчами ватани азизамро дар хориҷа боло мебардорам”, – афзуд, ҳамсӯҳбати мо.

Аз қаҳрамони Тоҷикистон то қаҳрамони ҷаҳон

Эмомалӣ Нуралӣ дар синни 19-солагӣ Чемпиони Тоҷикистон ва дар 20-солагӣ Чемпиони ҷаҳон шуд. Соли равон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар кишвари Ӯзбекистон доир гардид, сазовори ҷойи сеюм шуда буд.

Қаҳрамони мо танҳо як нокомӣ дошт. Нокомие, ки аз рӯи ноадолатиҳои доварон ба даст омада буд. Дар мусобиқаи Grand Slam, ки имсол дар кишвари Гурҷистон баргузор шуд, Эмомалӣ дар раванди мусобиқа аз ҷониби довар рӯи ҳам танбеҳ гирифта, бо “шидо” аз мусобиқа берун шуд.

“Ин мусобиқа бароям душвортарин буд. Довар ба ман чанд маротиба “шидо” дода, маро аз майдон берун кард. Баъди ин ман каме рӯҳияи худро аз даст дода будам. Вале падарам насиҳат карданд, ки дар оянда кӯшиш кунам, ки ин ҳолатҳо рух надиҳад. Тавре қувваозмоӣ намоям, ки доварон ҳеҷ баҳонае барои танбеҳ додан наёбанд”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Бузургтарин дастовард

Эмомалӣ Нуралӣ баъди ҳар мусобиқа бо падар ва устодонаш нишаста сари бурдбориву камбудиҳояш андеша менамоянд. Устодон камбудиҳои ӯро дар ҷараёни мусобиқаҳо муайян намуда, таъкид менамоянд, ки дигар онҳоро такрор накунад.

 

“Дастовард ва ифтихори бузургтарини ман дар зиндагӣ он аст, ки Парчами кишвари азизамро миёни дигар давлатҳо баланд бардоштам. Бовар кунед ин як эҳсосоти васфнашуданист. То замоне, ки қувваю тавоноӣ дорам, кӯшиш мекунам, ки муаррифгари Тоҷикистон бошам”, – бо ифтихор иброз дошт, Эмомалӣ Нуралӣ.

Skip to toolbar