fbpx

Раҳоӣ аз гирдоби ҷанг. Нахустнамоиши “Зархаридон” дар Хуҷанд

Дар Маркази амрикоии шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи киноклуби “Суғдсинамо” нахустнамоиши филми “Зархаридон” баргузор гардид.


0
Нахустнамоиши филми "Зархаридон"

Филми “Зархаридон” фарогири ҳаёти ду насле аст, ки дар замони гуногун аз ҷанг зарар диданд. Муҳтавои он ба ҷавонон огоҳӣ медиҳад, ки ҷанг ҳеҷ гоҳ пайомади хуш надорад. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон бори дигар исбот мекунад, ки мавзӯи филм кӯҳна намешавад. Дар ҷомеа ҳоло шахсонеро метавон пайдо кард, ки ҳамтақдири қаҳрамонони асосии филманд.

Дар Маркази амрикоии шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи киноклуби “Суғдсинамо” нахустнамоиши филми мазкур баргузор гардид. Филмро ҷавонону наврасон ва созандагони он тамошо карда, муҳтавои филмро муҳокима карданд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Sugdsinamo (@sugdsinamo)

Муаллифи Your.tj дар нахустнамоиши филми “Зархаридон” ширкат карда, бо муҳтавои он шинос шуд. Пас аз намоиш созандагон дар хусуси интихоби ғоя ва мавзӯи филм, ҷараёни сабти он маълумот доданд. Ҳамзамон, тамошобинон ҳам тассуроти худро баён доштанд. 

Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Муҳтавои филм. Қиссаи қаҳрамони якум

Филм аз 37 дақиқа иборат буда, аз ҳаёти ду мард Сорбону Собир нақл мекунад. Онҳо намояндаи наслҳои гуногунанд. Замони ҷавонии қаҳрамони аввал Сорбон (иҷрокунандаи нақш Баҳром Сайфиддинов) ба солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд.

Дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оила ва фарзандашро аз даст медиҳад. Аслан, ӯ як тан аз ҷавони зиёии он даврҳои нобасомонӣ аст, ки дар майдони ҷанг ба ҷонибдории гурӯҳе шиор мебардорад. Пасон афсӯс мехӯрад, ки интихоби хато кардааст.

Ҷавон бо аҳли оилааш аз шаҳри Душанбеи он замон ноором рафтанӣ мешавад. Қабл аз тарки манзил кардан, аввалан, аз раф китобҳои беҳтаринро ҷамъ месозад. Ин эпизод рамзӣ буда, арзишҳои инсонеро нишон медиҳад, ки барояш дар ҳама ҳолат донишу хирад мақоми боло дорад.

Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҳангоми кӯч бастани Сорбон гурӯҳи ҷангҷӯе, ки пештар иштибоҳан онҳоро ҷонибдорӣ карда буд, вориди манзилаш мешаванд. Онҳо аз ӯ мепурсанд, ки чаро дигар бо онҳо ҳамфикр нест. Сорбон бо нафрат мегӯяд: “Ман намедонистам, ки гурӯҳи ғоратгарону қотилонро ҷонибдор будам”. Ҷангҷӯён бо автомат ба сари ҷавон мезананд ва ба тани духтару ҳамсараш тир холӣ мекунанд.

Сорбон дар пиронсолӣ тани танҳо мемонад. Хотираҳои пуралами ҷавонӣ ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Мӯйсафед ҷисман харобу ларзон аст, зеро зарбаи сахте, ки ҷангҷӯён бо дастаи автомат ба сараш зада буданд, асари якумрӣ гузоштааст.

Аммо аз хондани китоб рӯ намегардонад. Дар кӯчаҳои шаҳр бо китобхонӣ машғул мешавад ва дар наздаш шиореро мегузорад, ки дар он навишта шудааст: “Ҷанг бадбахтӣ меорад!”.

Қиссаи сарнавишти қаҳрамони дуюм

Қаҳрамони дуюми филм Собир (иҷрокунандаи нақш Фарҳод Ғаффорпур) аст. Ӯ ҳамроҳи дӯсташ Азиз (дар нақш Ғайрат Қодиров) бо умеди он, ки ба пули зиёде соҳиб мешаванд, ба ҷанг мераванд.

Дар яке аз лаҳзаҳои низоъҳои мусаллаҳона ҳарду пай мебаранд, ки фирефтаи доми бегонагон шуданд. Онҳоро касе дар ин ҷанг пуштибон нест ва ҷеҷ кас дар ғами ҷонашон нахоҳад буд. Онҳо дар ҳуҷраи хурду торике камин мегиранд. Муҳориба шиддат мегирад.

Ногаҳон модари Сорбон, ки дар ҷанг будани ҷигарбандашро намедонад, тариқи видеоӣ занг мезанад ва аз фарзандаш мепурсад: “Писарам, фишори хунам тез-тез баланд мешавад, кай мебиёӣ!?”.

Сорбон мегӯяд, ки ба наздикӣ ҳамдигарро хоҳанд дид. Риштаи суҳбати онҳоро садои баланди тир мебурад. Азиз ҷароҳати вазнин бардошта, пеш аз ҷонканӣ аз Сорбон узр мепурсад, ки ӯро барои ба ҷанг рафтану пули бисёр кор кардан ташвиқ карда буд. Вай нафаси чуқур кашида мегӯяд: “Узр напурс, ту айбдор нестӣ, ман ҳам интихоб доштам!”.

Азиз ҷон медиҳад. Сорбон дар ҳуҷра чуқур кофта, ҷасади дӯсташро бо яроқаш гӯр мекунад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки аз минтақаи ҷангзада гурезад. Ӯ дар роҳ чуқур кофта, яроқи худро мегӯронад. Боз ба телефонаш занг мезананд. Барояш хабар медиҳанд, ки модараш ба ҷанг рафтани ӯро фаҳмида, аз тарсу хавотирӣ ҷон додааст.

Қаҳрамонони филми “Зархаридон” Сорбону Собир робитаи хешовандӣ надоранд. Аммо ҷанг дар замонҳои гуногун ҳаёти ҳардуро хароб сохт. Ҳарду қаҳрамон дар қисмати ҷамъбастии филм дар қабристон вомехӯранд. Яке дар сари қабри ҳамсару фарзанд ва дигаре дар қабри модар дарду ҳасрат хӯрда, даст ба дуо мебардоранд.

Созандагони филм: “Мавзӯи ҷанг барои филм кӯҳна намешавад”

Осими Орифпур директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ва ҳамчунин муаллифи сенария ва коргардони “Зархаридон” пас аз нахустнамоиш гуфт, ки ғояи сенарияи филм ҳанӯз соли 2022 пайдо шуда буд.

Ахиран, он соли 2023 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истиқлол (собиқ Табошар) сабт карда шуд.

“Қиссаи филм асоси воқеӣ надорад. Саҳна ва лаҳзаҳое, ки дар он нишон дода мешавад, дар асоси шунидаҳову мутолиаҳо, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва вазъияти имрӯзаи кишварҳои ҷангзада иртибот дорад, рӯйи кор омад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъзе ҷузъиёти ҳаёти Сорбону Собир бо зиндагии нафаре аз ҳамзамонони мо монандӣ дошта бошад”,- афзуд ӯ.

Ба зеҳни тамошобин суоле меояд, ки Собиру Азиз дар куҷо ва кадом муҳориба ҷангида истодаанд. Шояд яке гӯяд, ки дар низоъҳои кишварҳои Шарқи наздик, дигаре дар ҷанги Русия ва Украина.

Созандагони “Зархаридон” пас аз баҳсе, ки дар миёни худ доштанд, ба қароре омаданд, ки саҳнаҳои ҷангиро ба ягон низоъҳҳои кишварҳо нисбат надиҳанд. Зеро имрӯз дар ҳар кунҷу канори олам ҷанг рафта истодааст, пагоҳ боз дар ҷойи дигаре сар задани он имкон дорад. Мутаассифона, ба доми ҷангҷӯён афтодани ҷавонони тоҷик низ эҳтимол дорад.

“Садҳо филму қисса дар бораи ҷанг эҷод шудааст. Сарфи назар аз ин, ҳоло ҳам ҷанг ҳаст. Имрӯз дар расонаҳо бурду бохти низоъҳоро инъикос мекунанд. Дар ин миён ҷавонони зиёде иштибоҳ мекунанд, зархарид мешаванд, барои ҳифзи арзишҳои дигарон ҷанг мекунанд. Агар нафаре баъди тамошои филм ба хулосае ояд, ки ҷанг бадбахтӣ меорад ва ба сафи ҷангҷӯён намепайвандад, инро бурди худ медонем”,- гуфт Дилошӯб Орифзода коргардони дуввуми филми “Зархаридон”.

Муҳокимаи филм

Иҷрокунандаи нақши Собир – Фарҳод Ғаффорпур гуфт, ки ӯ низ филмро бори аввал тамошо кард.

“Аз кори худ шарм накардам. Воқеан, филм тавониста, ки дар чанд ҷо эҳсосҳои гуногуни тамошобинро бедор кунад. Фикр мекунам, ин аст, бурд ва вазифаи синамо”,- иброз дошт ӯ.

Тамошобинон фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Ҳар тамошобин филмро аз диди худ шарҳ дод. Дар маҷмуъ, паёми филмро чунин маънидод карданд:

“Филми “Зархаридон” ба ҷавонон ҳушдорӣ медиҳад, ки ҳеҷ кадом ҷанг оқибати нек надорад. Барои арзишҳои бегона ҷангидан натиҷаи мусбате надорад. Аз ҷанг бояд канорҷӯӣ кард”.

Гуфта мешавад, ки ҳар моҳ ду маротиба филмҳои истеҳсоли “Суғдсинамо” дар доираи лоиҳаи киноклуб дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта мешавад.

Ҳадаф аз ин ташаббус сокинонро ба синамо наздик кардан аст. Ба бовари масъулин, бо ин роҳ барои рушди синамои миллӣ ва тафаккури интиқодӣ замина фароҳам мегардад.

Файзуллохон Обидов,Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend