fbpx
0

Филми “Моҳӣ дар шаст”-и Муҳиддин Музаффар дар қолаби драма таҳия шуда, ҳамзамон манзараҳои табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунад.

Он нахустин лоиҳаи муштараки “Довфилм” ва синамогарони Эрон буда, аллакай, дар дохилу хориҷи кишвар чанд ҷоизаи фестивалҳои синамоиро ба даст овард.

Муаллифи Your.tj дар нахустнамоиши филми “Моҳӣ дар шаст”, ки дар Кохи “Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд низ баргузор шуд, ширкат дошт ва бо каргардон-таҳиягари он ҳамсуҳбат гардид.

Идеяи филм чӣ гуна пайдо шуд?

Қаҳрамонони филми “Моҳӣ дар шаст” гирифтори бандҳое ҳастанд, ки онҳоро хуб шинохтаанд ва барои раҳо шудан талош меварзанд. Кӯдаке ташнаи дидори модар аст, аммо ҷавонмарде бо баҳонаи тақсими ноодилонаи мерос аз волидону бародар дурӣ меҷӯяд. Бонуи омӯзгоре соҳиби тифл шуда наметавонад, вале садҳо кӯдакро тарбия мекунад. Зани дигаре барои сохтани зиндагии беҳтар аз фарзанди худ рӯ мегардонад.

Филми “Моҳӣ дар шаст” маҳсули нави эҷоди коргардони шинохтаи тоҷик Муҳиддин Музаффар аст. Ӯ бисёр мехост, ки дар бораи ҳаёти бачаҳои мактаб-интернат филме офарад. Зеро солҳои 90-уми асри гузашта падару модари вай низ ба монанди дигар оилаҳои тоҷик ба Русия рафта буданд. Музаффари наврас ҳам чанд сол дар чунин мактаб таҳсил карда буд.

Муҳиддин Музаффар (аз чап) ва Хуршед Мустафоев

“Бо мақсади таҳияи филм ба мактаб-интернати шаҳри Бӯстон рафтам. Дар он ҷо ба муддати 6 моҳ рафтуомад доштам. Дар ин вақт бо таърихи зиндагии 113 ятими кулл шиносоӣ пайдо кардам. Ҳаёти бачаҳоро омӯхтам. Бори дигар дарк кардам, ки он бачаҳо ба як чӣ зоранд, ба меҳри модар”,- нақл кард коргардон.

Ӯ бо афсӯс мегӯяд, дар ҳаёт мардҳои баркамолеро мебинад, ки барои тақсими мерос шуда, ба ҷанозаи модар намераванд. Ё бо ягон сабабе қаҳрӣ шуда, чандин сол ба дидори модар намешитобанд.

“Ҳамин тариқ, ғояи филм аз қиссаи зиндагии муҳассилини мактаб-интернат ва муаллимони онҳо сохта шуд. Сенария дар давоми 18 моҳ навишта шуд. Қарор додем, ки филмро дар қолаби Road movie (филми роҳ) таҳия кунем. Барои интихоби қаҳрамон ва макону мавзеъҳои сабти филм гурӯҳи эҷодии киностудияи “Довфилм” тамоми Тоҷикистонро шаш маротиба давр заданд.

Бештарини саҳнаҳои филм дар роҳ сабт шуда, табиати афсункори Тоҷикистон нишон дода шудааст. Дар филм роҳҳои печдарпечу кӯҳҳои баланд на танҳо муъҷизаи табиати кишварро бозгӯ мекунад, балки рамзи фалсафии мушкилиҳои роҳи зиндагии қаҳрамонҳои онро низ инъикос месозад”, – шарҳ дод Муҳиддин Музаффар.

Мушкилоти рӯз дар маҳаки филми “Моҳӣ дар шаст”

Ба назари коргардон Муҳиддин Музаффар, филми навбатияш низ ба тамошобин талқин мекунад, ки одам будан, ба қадри модар расидан, дар тарбияи фарзанд эҳсоси масъулият кардан ҳатмист.

“Фарзанд чи хурду чи бузург шуда бошад, як оламеро мемонад. Агар ӯро аз меҳри модар маҳрум кунед, ба вай зиндагӣ осон нахоҳад шуд. Дар ҳаёт оромӣ нахоҳӣ ёфт. Хулосаи филми “Моҳӣ дар шаст” низ ҳамин аст, касе тарбияи дуруст мекунад, модар ҳисоб мешавад, на касе, ки таваллуд мекунад”, – иброз дошт коргардон.

Чаро ин филм “Моҳӣ дар шаст” ном гирифт?

Коргардон гуфт, номи филм рамзист, ҳамаи одамони рӯйи Замин гирифтори банде ва ё шасте мебошанд. Шояд бархе гумон доранд, ки касоне дар банди онҳо афтодаанд.

“Дар асл, ҳамаи мо гирифтори шасте ҳастем, ба маънои физикӣ ва ҳам рӯҳӣ. Мо – одамон хомем. Решаи ҳар мавзӯву масъаларо амиқ дарк намекунем. То вақте гирифтори гиреҳу бандем, ғанимат будани зиндагиро дарк намекунем.

Мо инсонҳо гиреҳу бандҳоро шиносем, то аз онҳо раҳо шавем. Фалсафаи номи филм низ дар ҳамин аст”, – меандешад Муҳиддин Музаффар.

Нахустин ҳамкорӣ бо синамогарони эронӣ

Тавре Муҳиддин Музаффар гуфт, бо синамогарони Эрон ҳамкорӣ кардан барояш бахти бузургест. Ӯ дар тӯли 15 соли фаъолияти филмофарӣ бори аввал аз сатҳи кори техникии як филм розӣ шуд. Тадвин ва садогузории филми “Моҳӣ дар шаст” дар лабораторияҳои бузурги Эрон анҷом ёфт. Ба филм яке аз оҳангсозони шинохтаи эронӣ Фардин Халъатбарӣ мусиқӣ эҷод кард.

Лаҳзае, ки наворбардорӣ пурра анҷом ёфт ва маводи комили филмро ба Эрон супоридам, дар вуҷудам дилгармиву умед пайдо шуд. Чун дар канорам мутахассисони ҳирфаӣ қарор доштанд ва барои мукаммал шудани филм кӯмак расониданд. Маҳсули дасту ҳунари мутахассисони варзидаи эронӣ дар филми “Моҳӣ дар шаст” ба равшанӣ эҳсос мешавад.

Ба продюсерон Эҳсон Кова, Шамсӣ Муртазо ва дигар мутахассисони кишвари бародар, ҳамзамон, бачаҳои худӣ изҳори сипос менамоям. Ин нахустин филми муштараки Эрону Тоҷикистон аст ва умедворам, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт”, – изҳор дошт коргардони тоҷик.

“Дар нақш бозӣ не, зиндагӣ мекард”

Филми “Моҳӣ дар шаст” дар бораи ҳаёти писарбачаи 10-солае бо номи Далер, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат аст, нақл мекунад. Ӯ ҳамроҳи шавҳари муаллимааш Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, ба ҷустуҷӯи модараш Хуршеда мебарояд. Роҳи онҳо аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл мекашад.

Дар ин сафари пурмоҷаро онҳо бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои камолоти Далер ва дарк кардани аҳамияти интихоб кӯмак мекунад. Дар ниҳояти сафар писарак бояд қарори тақдирсозе қабул кунад, ки зиндагии ӯро то абад дигаргун месозад.

Далер дар мактаб-интернат дӯстони зиёд дошт. Директори муассиса Нигора Ашӯровна низ ӯро мисли фарзанди худ дӯст медошт. Хонандагон, хосатан, Далер дар гуфтору рафтор ба ин муаллима пайравӣ мекарданд. Ӯро чун модар дӯст медоштанд.

Писарак мегуфт: “Агар ба воя расам, милиса мешавам. Соҳиби мошин шуда, муаллима Нигора Ашӯровнаро дар пеши он шинонида, ба сайругшат мебарорам”.

Орзуи бузурги ӯ модарашро аз наздик дидан буд. Вай намедонист, ки модараш бори дуюм шавҳар карда, кӯдаки дигаре ба дунё овардааст. Писарбача бе хабар аз ин бовар дошт, ки рӯзе модараш бармегардад ва ӯро мебарад.

Нақши қаҳрамони марказии филм Далери 10-соларо Абдулло Абдураҳимзодаи 8 сола аз мактаб-интернати шаҳри Душанбе иҷро кардааст.

Коргардон ӯро аз миёни 1800 нафар хонандаи мактаб-интернатҳои Тоҷикистон интихоб кардааст. Яъне, ин наврас нақшеро бозид, ки ба тақдири худаш монанд аст. Пас аз намоиши филм чанде аз тамошобинон гуфтанд:

“Писарак дар филм нақш бозӣ намекард. Ӯ дар филм гӯё зиндагӣ дошт. Вай бе сохтакорӣ эҳсосҳои қаҳрамонашро нишон медод”.

Саргузашти зиндагии Далер, мисли садҳо кӯдаке, ки имрӯз бо вуҷуди зинда будани падару модар дар интернатҳо ба воя мерасанд, моро водор месозад, ки дар бораи қудрати муҳаббат ва умеде андеша намоем. Зеро маҳз он инсонро новобаста ба ҳама ҳолат устувор нигоҳ медорад ва ба беҳбудӣ боварӣ мебахшад.

Файзуллохон Обидов, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend