logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Рақибони футболбозони навраси тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон муайян шуданд

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ наврасони тоҷик дар гурӯҳи “I” бо дастаи ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия қарор гирифтанд.

Your tj

15:4827.05.2025

Рақибони футболбозони навраси тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон муайян шуданд

Дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои мунтахаби то 17-сола баргузор шуд. Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон низ дар он гурӯҳи худро муайян кард.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ наврасони тоҷик дар гурӯҳи “I” бо дастаи ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия қарор гирифтанд.

Мусобиқа аз 3 то 27-уми ноябри соли 2025 дар Қатар баргузор мешавад. Дар он бори аввал 48 даста ба 12 гурӯҳ таксим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин се дастаи беҳтарини ҷои сеюм ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро бомуваффақият анҷом дода, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта, ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2025 роҳхат гирифта буд.

Баъди 6 сол дастаи Тоҷикистон бори сеюм дар таърихи худ ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

1 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ