fbpx

Раҷаббой Аҳмадзода ба кушторҳо дар Конибодом таваҷҷуҳ кард

Ӯ аз шаҳрвандон даъват кард, ки "зиракиву ҳушёриро аз даст надода, бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ намоянд" ва ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд.


0
Коллажи Your.tj

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 16 декабр, баъд аз як рӯзи куштори аъзоёни ду оила ба Конибодом рафта, бо фаъолони ҷомеа ва роҳбарияти ҳукумати шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ машварати корӣ баргузор кард.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, “давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст”.

Акс: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Баҳри ошкорсозии ин ҷиноятҳо “беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот” сарҷамъ омаданд, менависад манбаъ.

“Онҳо донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки раванди тафтишот таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад. Ӯ аз шаҳрвандон даъват кард, ки “зиракиву ҳушёриро аз даст надода, бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ намоянд”.

“Бо ин мақсад ташкили ситод, навбатдорони ихтиёрӣ, насби камераҳои назоратӣ, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳо, фаъолнокии аҳли ҷомеъа муҳим арзёбӣ гардид”,- менависад дафтари матбуот.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки “шаҳрвандон набояд ба ҳаргуна овозаҳо дода шаванд” ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа фикру андеша ва пешниҳоди чанде аз ҳозирин шунида шуд. Фаъолон омодагии худро барои таъмини оромии ҷомеа баён доштанд, менависад манбаъ.

Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он дар охири моҳи март оғоз ёфт. Дар давоми 8 моҳ, тибқи иттилои расонаҳо, ҳадди аққал аъзоёни ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи боздошти ду гумонбар гузориш доданд. Яке ба ҳабси абад, дигаре ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Аммо кушторҳо идома ёфтанд. Дар як ҳафтаи охир дар Конибодом даҳ нафар аз се оила кушта шуданд.

Оид ба пайдарҳамии кушторҳо дар Конибодом дар ин навор бубинед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend