20 – уми сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалок шуданд, омада ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар нашр кардааст.
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом дод.
“Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид”, омадааст дар хабар.