Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамдардии Президентро ба наздикони ҳалокшудагони муноқишаҳои марзӣ расонид
Дата публикации: 12:1120.09.2022
20 - уми сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалок шуданд, омада ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар нашр кардааст.
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом дод.
"Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид", омадааст дар хабар.
1240 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
9 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
12 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
12 дня назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
15 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
16 дня назад