Иди Қурбон дар Тоҷикистон 6-уми июн таҷлил мешавад. Инро Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян кард.
Намози ид соати 5:45 дар масҷидҳои кишвар баргузор мегардад.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, имомхатибон вазифадор шудаанд, ки дар мавъизаҳои идонаи худ ба мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ аз исроф ва назорати кӯдакону наврасон дар рӯзҳои “идгардак” таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намоянд.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусулмонон буда, ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Мусалмонони доро дар ин рӯз чорво қурбонӣ мекунанд ва кӯмакҳояшонро ба ниёзмандон мерасонанд.