fbpx

“Рӯзи донишҷӯ дар донишгоҳ мегузарад”. Ҷавони тоҷик чӣ тавр ба донишгоҳи Индонезия дохил шуд

Боре ҷавон рекламаи грантро пайдо карда, қарор дод, ки қувваи донишашро санҷад ва орзуи деринаи худ – таҳсил дар хориҷаро амалӣ гардонад.


0
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Аҳмад Азизов дастрас гардид

Аҳмад Азизов, зодаи Душанбе як сол боз дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Индонезия таҳсил мекунад.

Ҷавон дер боз орзуи таҳсил дар хориҷаро дошт ва дар бораи барномаи таълимие, ки ба ӯ имкони таҳсил дар Индонезияро медод, маълумот ёфта, дарҳол ба он дархост фиристод ва ба зудӣ соҳиби грант шуд.

Аҳмад дар суҳбат ба муаллифи Your.tj дар бораи таҳсил дар Индонезия, раванди мутобиқшавӣ ба ин кишвари экзотикӣ ва омӯзиши забони маҳаллӣ нақл кард.

Соли аввали таҳсилро ба омӯзиши забон ва фарҳанги Индонезия бахшид

Аҳмад донишҷӯи Universitas Negeri Yogyakarta, яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Индонезия мебошад, ки дар шаҳри Ҷокякарта ҷойгир аст.

Қаҳрамони мо дар самти “Менеҷмент” таҳсил мекунад. Вай ба ин донишгоҳ тавассути барномаи таълимии UNY-DISS дохил шуд.

То он вақт Аҳмад аллакай дар соли аввали филиали МИСиС дар Душанбе таҳсил карда буд. Боре ҷавон рекламаи грантро пайдо карда, қарор дод, ки қувваи донишашро санҷад ва орзуи деринаи худ – таҳсил дар хориҷаро амалӣ гардонад.

Барои супоридани имтиҳони дохилшавӣ, ӯ як сол дониши забони англисиро сайқал дод, зеро барои гирифтани грант доштани шаҳодатномаи тасдиқкунандаи дониши забони англисӣ ҳатмист.

Барои дохил шудан ба Universitas Negeri Yogyakarta, забони англисиро на камтар аз сатҳи pre-intermediate донистан зарур аст.

Худи имтиҳон дар шакли мусоҳиба бо забони англисӣ сурат мегирад.

Дар донишгоҳ Аҳмад ҳамагӣ як сол мешавад таҳсил мекунад. Ҳоло ҷавон забони индонезӣ ва фарҳанги ин кишварро меомӯзад.

Имсол тариқи барнома ҳамагӣ чор донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла Аҳмад дохил шуданд.

Дарсҳои индонезӣ дар як ҳафта чор маротиба гузаронида мешаванд: се дарси забон ва як дарси фарҳанги ин кишвар.

Донистани забони индонезӣ зарур аст, зеро бисёре аз сокинони маҳаллӣ забони англисиро намедонанд ва монеаи забонӣ метавонад мушкилоти ҷиддӣ шавад, мегӯяд Аҳмад.

“Соли аввал хеле осон мегузарад: дарсҳо каманд ва омӯзиши забон он қадар душвор нест. Забони индонезӣ осон аст, грамматикаи одӣ дорад ва асосан бояд бештар луғат азёд кард.

Ҳангоми суҳбат фаҳмо аст, мо дар байни соҳибзабонҳо ҳастем ва метавонем бо онҳо гап заданро машқ кунем. Аммо соли оянда барнома душвортар хоҳад шуд. Дарсҳо аз соати 8 то 5-и бегоҳ давом мекунанд.

Ҳоло мебинам, ки донишҷӯёни курсҳои болоӣ тамоми рӯзашонро дар донишгоҳ барои кор аз болои лоиҳаҳои худ мегузаронанд ва пурра ба омӯзиш дода шудаанд. Пас аз як сол маро низ ҳамин чиз интизор аст”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар соли аввали таҳсил барои омӯзиши фарҳанги Индонезия вақти зиёд ҷудо карда мешавад

“Вақте аз ҳавопаймо баромадам, худро дар нонвойхона ҳис кардам”

Аҳмад иқрор мешавад, ки мутобиқшавӣ ба иқлими намноки Индонезия ба ӯ осон набуд, аммо бо гузашти вақт одат кард.

Аммо мазза ва бӯи хӯрокҳои маҳаллӣ аз аввал ба ӯ писанд нест.

“Вақте аз ҳавопаймо баромадам, ба назарам чунин менамуд, ки ба нонвойхона даромадам. Тобистон дар кишвари мо низ сӯзон аст, аммо дар ин ҷо он на танҳо сӯзон, балки намнокниз ҳаст.

Одат кардан ба чунин иқлим душвор буд, аммо пас аз муддате мутобиқ шудам. Аммо бо ғизои маҳаллӣ мушкилтар аст. Барои ман хеле тунд аст, то ҳол ба мазза ва бӯи он одат карда натавонистам.

Аз ин рӯ, бисёре аз хориҷиён, кӯшиш мекунанд, ки дар хона хӯрок пазанд, аз ҷумла ман низ. Нархи маҳсулот ва умуман ҳама чиз нисбатан паст аст, ба мисли музди меҳнат ва стипендия.

Масалан, ман ба маблағи сад доллар аз донишгоҳ стипендия мегирам, аммо ин ба ман ҳамчун донишҷӯ намерасад”,- мегӯяд Аҳмад.

“Ҷанҷолу муноқиша барои индонезиягиҳо бегонаанд”

Аҳмад фарҳанги хоси кишвари дигарро омӯхта, дар бораи фарҳанги худ – фарҳанги тоҷикӣ низ фаромӯш намекунад. Ба наздикӣ ӯ дар ҷашнвораи The best Boutique, ки дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад, бо дигар намояндагони Тоҷикистон ширкат варзид.

Дар он либоси миллии тоҷикӣ яке аз ҷоизаҳоро ба даст овард, ки Аҳмад шахсан аз он ифтихор мекунад.

Ҷокякарта – пойтахти қадимаи Индонезия шаҳрест, ки Аҳмад дар он ҷо таҳсил мекунад. Дар ин ҷо мардуми бумӣ зиёданд, ки фарҳангу анъанаҳои маҳаллиро ҳифз кардаанд.

Аҳмад ба менталитети сокинони ин кишвар бо ҳавас менигарад. Ба гуфтаи ӯ, хафагӣ, муноқиша, ҷанҷол ба индонезиягиҳо комилан хос нестанд. Чизи асосӣ барои онҳо эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.

Ин ба Аҳмад имкон дод, ки зудтар мутобиқ шавад ва худро бегона ҳис накунад, гарчанде ки ҳанӯз забонро пурра аз худ накардааст.

“Эҳтиром барои мардуми бумии Индонезия дар ҷои аввал меистад. Дар тӯли вақте, ки дар ин ҷо зистам, ҳеҷ гоҳ шоҳиди муноқишае нашудам. Мардум хеле меҳрубонанд ва ҳамеша меҳмон хуш истиқбол мегиранд”,- қайд мекунад ӯ.

Дар оянда Аҳмад ният дорад, ки сатҳи дониши забонҳои индонезию англисиро такмил диҳад ва инчунин ба тамоми ҷазираҳои Индонезия ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сафар кунад.

Вай ин фарҳангро хеле дӯст дошт ва мехоҳад таҳсилро бо саёҳат омезиш диҳад.

Асила Игамова, махсус барои Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend