Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:4218.05.2023
Зимни як ҷаласаи муштараки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русияву Украина баррасӣ шудааст. Мақомот ба таҳияи рӯйхати шаҳрвандоне шурӯъ кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба чанд манбаи худ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, ҷиддӣ гирифта шудааст.
Ӯ бо нидои “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд”? Ин даъвати ӯ байни ҷомеа баҳси тундеро ба миён овард.
“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад”,- гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ бе зикри ном.
Онҳо гуфтаанд, ки ба зидди шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд. Ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд. Вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре ҳушдор дода буданд, ки “иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” ҷиноят аст.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия ҷанг мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят аст. Мақомоти Тоҷикистон чандин маротиба аз шаҳрвандони худ, махсусан муҳоҷирон хостанд, дар ҷанги давлатҳои дигар ширкат накунанд. Чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 401. Зархаридӣ) он ҷиноят ҳисобида шуда, ҷазояш аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
2 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
2 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
4 дня назад