fbpx

Рӯ ба рӯ бо мухотаб. Ҳабиб чӣ тавр дар Тоҷикистон  стендапери муваффақ шуд?

Аудитория то ҳол монологҳое, ки дар мавзӯи  тарбияи кӯдак оид аст, бисёр хуб қабул мекунад.


0
Ҳабиб Баҳриддинов аввалин стендапер аст, ки дар қолаби жанри стендап барномаҳои консертӣ барпо кардааст.
Ҳабиб Баҳриддинов ҳангоми стендап

Ҳабиб Баҳриддинов  дар байни ҷавонони кишвар аввалин стендапер аст, ки дар қолаби жанри стендап барномаҳои консертӣ барпо кардааст. Ӯ нисбат ба дигар ҷавонон  бо сабку услуби хос стендап мегӯяд.  Инак, 5 сол мешавад, ки вай аз рӯи қолаби стендап барномаҳои консертӣ намоиш медиҳад. Ҳабиб 2 сол боз дар шаҳри  Душанбе зиндагӣ дорад.

Муаллифи Your.tj бо Ҳабиб Баҳриддинов оид ба  ҳаёти наврасию ҷавонӣ, махсусияти таҳияи стендап, нақшаҳои оянда суҳбат кард.

Стендап – яке аз жанрҳои ҳаҷвиест, ки ҳаҷвнигор дар  рӯ ба рӯи мухотабон истода, сухан меронад. Муҳтавои сухани вай рӯҳи ҷомеаро тариқи ҳаҷву ханда ифода сохта, шунавандагонро хушҳол месозад. Ҳамчунин, яке  аз мақсадҳои ин жанр таъсир ба андеша аст. Тайи  чанд соли охир дар Тоҷикистон низ пайравон ва мухлисони ин жанр пайдо шудаанд.

Стендап – яке аз жанрҳои ҳаҷвиест, ки ҳаҷвнигор дар рӯ ба рӯи мухотабон истода, сухан меронад.
Ӯ дар ду гурӯҳи ҳаҷвии машҳур таҷриба гирифтааст.

Аз “Худжанский стендап”, то “Территория юмора”

Аз “Худжанский стендап”, то “Территория юмора”

Лоиҳаи “Худжанский стендап” дар ҳаёти Ҳабиб Баҳриддинов маҷрои наверо боз кард. Ӯ соли 2017  тариқи   кастинги лоиҳа ба тими стендаперони ҷавон роҳ ёфт.

“Лоиҳаи мазкур 8 нафар ҷавони соҳибзавқро якҷоя кард.  Мо дар давоми 1 сол  3 барномаи консертӣ гузоштем. Аммо чанд вақт кори лоиҳа камтар суст шуд. Дар гурӯҳ фақат ман мондам.

Чанде аз бачаҳо барои идомаи таҳсил рафтанд, ё  чанд тани дигар  бо сабабҳои маълум ба дигар самт рафтанд. Хушбахтона,  имрӯз лоиҳаи “Худжандский стендап” боз фаъол аст.

Ман стендапро дӯст доштам. Намехостам, ки аз ин самт берун равам. Ҳамин тавр, ба лоиҳаи “Территория юмора”  ҳамроҳ шудам. Бо бачаҳои  гурӯҳ 4 сол фаъолият бурдем. Чандин барномаву намоишҳоро тайёр кардем.

Лоиҳаи  “Территория юмора”  бароям мактабе буд, ки чӣ гуна дар саҳнаи  ҳаҷв ҳунарнамоӣ кардан,  навиштан ва ба саҳна гузоштанро ёд гирифтам”, – баён медорад стендапер.

Дар лоиҳаи “Территория юмора”  Ҳабиб бо бачаҳои гурӯҳ барои таҳияи як барномаи ҳаҷвӣ  сарҷамъона кор мекарданд. Сари ҳар  мавзӯъ ва идеяҳо  баҳс меоростанд, то ҳаҷвияҳои хуб сохта шаваду мардумро хушҳол кунад.

Аксар вақт баъди мулоҳизаҳо ва коркарди идеяҳо  боварӣ  доштанд, ки мардум хуб қабул мекунанд. Аммо баръакс мешуд. Яъне ҳаҷве, ки бадоҳатон гуфта мешуд ва барои коркарди он вақти зиёд сарф намегардид, тезтар писанди тамошобинон мешуд. Ҳамин тариқ, диди онҳо барои интихоби луқмаҳои нишонрас барои мавзӯи ҳаҷв дигар мешуд.

Махсусияти таҳияи стендап

Ҳабиб Баҳриддинов барои ҳар як барномаи консертӣ монолог тайёр мекунад.  Дар бисёр ҳолат шӯхию луқмапартоиҳо айни саҳна сухан кардан илова мешавад. Тавре стендапер  пайхас кардааст, аудитория то ҳол монологҳое, ки дар мавзӯи  тарбияи кӯдак оид аст, бисёр хуб қабул мекунад.

“Бале, мавзӯи таълиму тарбия ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад, агар онро бо усулҳои нав пешниҳод созем. Вақте ба аудитория дар бораи мушкилию камбудии худи онҳо сухн мекунед, ҳатман мароқ зоҳир мекунанд.

Барояшон ҷолиб аст, вақте дар бораи тамбашавии роҳҳо, ё пайвастагии сахт пайдо кардан ба Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ  ва ғайра бигӯем. Барои навиштани матни як монолог  ҳафтаҳо, моҳҳо лозим мешавад. Аммо баъзан дар давоми 10 дақиқа матне менависам, ки қариб барои як барнома кифоят мекунад.

Яъне, дар таҳияи матни стендап мушоҳидакорӣ аҳамияти асосӣ дорад.  Дар саҳна ҳолатҳое рух медиҳад, ки аз матни  барои 10 дақиқа навиштаатон, танҳо қисмеро мегӯяд, ки  1  дақиқаро дар бар мегирад.

Сухани стендапер ба руҳияи аудитория низ  вобаста аст. Вақте нав стендап – гӯиро сар карда будам, дар аксар  ҳолат мардум намехандид, чун таҷриба кам буд. Намедонистам, ки кадом ҳаҷв қабул мешавад ва чиро дар вақти гуфтан бояд  ихтисор кунам”, – меафзояд ҳаҷвнигор.

Ҳабиб Баҳриддинов барои ҳар як барномаи консертӣ монолог тайёр мекунад.
Ҳабиб дар барномаи консертӣ

Нахустқадамҳо дар мактаб

Ҳабиб Баҳриддинов 17 – уми июни соли 1993 дар  ноҳияи Зафаробод  ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи маърифатпарвар ба камол ёфт. Аҳли хонавода сабаб  шуданд, ки дар дили наврас шавқу завқи омӯзиши илмҳои дақиқ ва фанҳои гуманитарӣ дар як сатҳ қарор дошта бошад.

“Дар ҳар чорабиниҳои мактабӣ  шеъру суруд мехондам. Ёд дорам, ки дар синфи 1 – ум бо як ҳамсабақам бадеҳаи ҳаҷвӣ хонда будем. Ба ҳама писанд афтода буд. Ростӣ, матни он ва кафкӯбии аҳли толори мактаб  аз хотирам нарафтааст.

Аслан, дар хонаводае тарбият ёфтам, ки ҳама суханфаҳму  сухандонанд.  Падарам шахси сермутолиа мебошанд. Бобоям муаллими фанни матемтика буданд. Дар  синфи 7 – ум  мехондам, аммо бо ёрии бобоям ҳал кардани  муодилаҳҳои синфи 10-11- ро омӯхта будам. Бобои дигари равоншодам, ки   шеърдону сухнадон буданд, маро  ба адабиёт дилграм мекарданд”, – ба ёд меорад Ҳабиб.

3 қадами асосӣ барои таҳсил

Ҳаёти донишҷӯии қаҳрамони мо дар фарқ аз дигарон бисёртар тӯл кашида, ба ҳадде самараи хуб ба бор овардааст.  Вай баъд аз хатми мактаби деҳа ба Омӯзишгоҳи  касбии техникии шаҳри Хуҷанд, ба ихтисоси муҳосибӣ  дохил мешавад.

Пасон таҳсилро аз рӯи ихтисоси барномасоз – иқтисодчӣ дар  Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техинкии Тоҷикистон  идома медиҳад.  Зинаи магистрӣ ва докториро  дар  Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  дар самти технологияҳои иттилотӣ ва анализи барномарезӣ таҳсил мекунад.

“Аз замони донишҷӯӣ як хотираи аҷиб дорам. Айни имтиҳонсупорӣ бисёр серташвиш мешудем.  Бо як ҳамсабақам роҳҳои осонтари супоридани имтиҳон меҷустем.

Солҳои аввали имтиҳонсупории тестӣ  тариқи компютер буд. Ҳамин тавр, ману ҷӯраам як хатои техникии барномаи тестии низоми митиҳонгирии донишгоҳро ёфтем.  Агар ҳамаи катакчаҳои  ҷавобҳоро, ки ба як савол гузошта мешавад, сиёҳ кунед,  ҷавобҳо дуруст қабул мешавад. Мо чанд имтиҳонро бе мушкилӣ супоридем.

Аммо ин сир фош шуд  ва моро дастгир карда буданд. Ҷазо гирифта будем. Ба қавле  ба шарофати мо ин муаммои барномаи компютерӣ ислоҳ шуд.    Яъне, дигапр бо ин роҳ баҳои нағз гирифта намешуд”, – нақл  мекунад Ҳабиб Баҳриддинов.

Ҳабиб нахуст ба ҳайси муҳосиб кор кардааст
Ҳабиб Баҳриддинов

Дар ҷустуҷӯӣ худ

Қаҳрамони мо  1 сол ба ҳайси  муҳосиб дар яке аз корхонаҳои  хурди бозори “Панҷшанбе” – и шаҳри Хуҷанд  бо ҳамроҳии як устодаш  кор мекунад.  Вай ҳисобот тайёр мекард, маош ҳисоб менамуд,  арзиши аслии маҳсулоти  истеҳсолкардаи корхонаро муайян месохт.

Муҳосибӣ кардан барояш  кори  душвор набуд, чун дониши хуби математикӣ дошт. Вале доим ҳис мекард, ки вай барои ин соҳа бегона аст, аз ин рӯ, аз ин кор даст мекашад. Аслан,  Ҳабиб сар аз овони донишҷӯӣ ҳамчун муаллим кор карда буд. Баъди муҳосибӣ боз чанд вақти дигар  ба фаъолияти муаллимӣ машғул мешавад.

“Замоне, ки  донишҷӯ будам  дар як маркази таълимӣ аз курсҳои муҳосибӣ, технологияи иттилоотӣ, психологияи хотир, яъне чӣ гуна ба хотир гирифтани маълумот  дарс медодам. Ҳатто бо ҳамроҳии як устодам  дастурамали хурде бо номи номи “Ҳашт услуби инкишофи хотир” тартиб дода будем.

Дар донишгоҳ низ  аз фанҳои тахассусӣ  дарс мегузаштам.  Тавре ҳисобҳоям нишон медиҳад,  3 соли умрам сарфи омӯзгорӣ шудааст.  Вақте маро шогирдон дар кӯчаҳо шинохта, гарм вохӯрӣ мекунанд, хурсанд мешавам. Омӯзгорӣ касби хуб аст.  Ният дорам, ки пас аз хатми ҳимояи кори докторӣ боз ба  ин фаъолият баргардам”,- пешгӯӣ мекунад ӯ.

Ҳабиб Баҳриддинов ба муносибати 5 – сол дар саҳнаи стендап ҳунарнамоӣ кардан барномаи консертиеро дар шаҳри Душанбе таҳия кард.

Дар 5 соли оянда

Чанде пеш Ҳабиб Баҳриддинов ба муносибати 5 – сол дар саҳнаи  стендап ҳунарнамоӣ кардан барномаи консертиеро дар шаҳри Душанбе таҳия кард. Тавре иброз медорад,  консерти хуб сипарӣ шуд.

Толор  аз кӯдакон,  ҷавонҳо ва калонсолон пур буд.  Ин консерт  мавзӯъҳои иҷтимоиро дар бар мегирфт ва қадами наве буд. Он рӯз баробари   хандидан боз ба чанд  саволу муаммо посухе ёфтанд.

“Баъди 5 соле, ки  дар жанри стендап  баромад кардам, гуфта наметавонам, ки стендап имрӯз машҳур шудааст ва дӯстдорони бисёр дорад. Вале дар кишвар  нисбат ба чанд соли охир ин жанрро  ба қадре шинохтанд. Бовар дорам, ки  дар 5 соли оянда стендап ба маҷрои нав мегузарад ва аудиторияи нав ба он таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд”, –  меандешад қаҳрамони мо.

Ҳабиб Баҳриддинов  тибқи нақшаҳои эҷодӣ ният  дорад, ки  соли оянда  дар Русия ва  шаҳрҳои  Самарқанду Тошканд бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ  барномаи консертӣ гузорад.

Файзуллохон ОБИДОВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend