fbpx

Путин таълими забони русиро дар Тоҷикистон “нокофӣ” хондааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуотии президент

Неругоҳи Роғунро аз пардохти фоизҳои қарзи андоз озод карданиянд

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон аз қарзи ҶСК “НБО Роғун” имсол фоиз ситонида намешавад. Ба қонун дар бораи Буҷети давлатии соли 2021 дар ин хусус аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдор ворид шуд.

ҶСК “НБО РОғун” яке аз ширкатҳое мебошад, ки қарзаш аз андоз нисбатан зиёдтар аст: тибқи маълумоти Кумитаи андоз, ба аввали соли ҷорӣ қарзи корхона ҳудуди 50 млн сомонӣ (4,4 млн доллар)-ро ташкил дод. Мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози ҷумҳурӣ, фоизҳо дар ҳаҷми 0,05% аз маблағи қарзи андоз барои ҳар як рӯзи тақвимии пардохташ батаъхирафтода ситонида мешаванд.

Қаблан бо дастури ҳукумат қарзҳои ҶСК “НБО Роғун” ба маблағи зиёда аз 3,2 млн сомонӣ назди 22 ширкате, ки ба идомаи сохтмони неругоҳ машғуланд, кам карда шуд. Ба ин ширкатҳо мутаносибани пардохти ҳамин миқдор қарзи андоз гузашта карда шуд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони неругоҳ сармоягузории иловагиро низ ҷалб намояд.

Путин таълими забони русиро дар Тоҷикистон “нокофӣ” хондааст

Раиси ҷумҳури Русия таълими забони русиро дар Тоҷикистон нокофӣ хондааст. Ба иттилои расонаҳои расмии ин кишвар, Владимир Путин рӯзи 13-уми май дар ҷаласае гуфтааст, “омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон бояд тақвият дода шавад”.

Забони русӣ дар Тоҷикистон айни замон мувофиқи қонун мақоми давлатӣ надорад ва танҳо забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Путин гуфтааст, ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баррасӣ кардаанд. Президенти Русия аз вазири маорифи кишвараш хостааст, барои бештар кардани таълими забони русӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Русия то ин дам барои омӯзиши забони русӣ ба Тоҷикистон муаллимонро фиристодааст. Аз ҷумла, соли 2018 бо дархости Тоҷикистон ҳукумати Русия 55 муаллими забони русӣ, риёзӣ, кимиё ва биологияро фиристод. Қисме аз маоши онҳоро Тоҷикистон ва қисмеро Русия пардохт мекунад. Бисёриҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин тасмим танқид карда буданд.

Владимир Путин рӯзи 13-уми май гуфт, “ҳукуматҳои маҳаллӣ барои омӯзиши забони русӣ ҳар чӣ дар тавон доранд, анҷом медиҳанд, вале бе кумаки мо беҳтар кардани вазъ номумкин аст”.

Вакилон судҳоро вазифадор карданд, то ба ВАО маълумот пешниҳод кунанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз лоиҳаи қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ҷонибдорӣ намуданд. Ба гуфтаи раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла тарзу усули пешниҳоди маълумот аз ҷониби судҳо ба ВАО ва уҳдадориии тарафҳо зимни нашри иттилоот пешбинӣ шудааст.

“Меъёрҳои лоиҳаи қонун инчунин усули иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба маълумотро аз бойгонии судҳо муайян мекунад”, – иброз дошт Шоҳиён. Маълумоти дорои сирри давлатӣ, сирҳои тиҷоративу оилавӣ ва шахсӣ, инчунин маълумот дар бораи шаъну эътибори шахс барои рӯзноманигорон пӯшида боқӣ мемонанд.

Қоҳир Расулзода бо Шавқат Мирзиёев мулоқот кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 14 май сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзодаро, ки бо сафари корӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт – вай дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ иштирок хоҳад кард.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шарикии стратегӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми байниҳукуматии комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри  Тошканд қарор дорад. Bн ҷаласа рӯзҳои 14 ва 15-уми май баргузор мешавад.

Дар чаҳорчӯби ин сафар, ошноӣ бо кори чандин корхонаҳои саноатии Узбекистон дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар поёни кори ҷаласаи комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои дуҷониба имзо мешаванд. Ҷузъиёти ин санадҳо ошкор намешавад.

Дар Кӯлоб нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ ба зарардигаони офати табиӣ таъсис шуд

Дар Кӯлоб барои расонидани кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ марказҳои тиббӣ таъсис дода шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини ӯ Шодихон Ҷамшед аз нуқтаҳои тиббӣ дидан намуда, ба масъулин барои сари вақт расонидани кӯмак ба осебдидагон дастурҳо додаанд. Гуфта мешавад, ки нуқтаҳои тиббӣ бо доруҳо ва таҷҳизоти зарурӣ пурра таъмин мебошанд.

КҲФ: То 17 май хавфи болоравии об дар дарёҳо зиёд аст

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш Обинхингоб ва Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар чунин вазъи обуҳаво эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад. Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend