Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:5605.05.2023
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин имрӯз, 5-уми май гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Роҳбарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи ғалаба табрик карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот сарони кишварҳо, ҳамчунин рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар ҳама самтҳои ҳамкориро таъкид кардаанд.
“Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор намуда, ҷадвали баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои соли ҷориро баррасӣ намуданд”,- гуфта мешавад дар хабари дафтари матбуоти президент.
Дар поёни суҳбат Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи ғалаба ба Москва даъват кардааст.
Ҳоло ҷавоб ба ин даъвати Путин муайян расман эълон нашудааст.
Қаблан Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ягона роҳбари хориҷие дониста мешуд, ки имсол ба паради Рӯзи ғалаба дар Москва даъват шудааст.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад