fbpx

Путин бори дигар ба Тоҷикистон меояд. Чаро?


-1
-1 points
Архивное фото пресс-службы президента Таджикистана

Эълони роҳбандӣ дар Душанбе

Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар рӯзҳои 7-8 сентябри соли равон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои РБДА, рӯзҳои 7-8 сентябр, аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт – Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носир маҳдуд мешавад.

Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба муносибати таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, рӯзи 8-уми сентябр барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат вуруди воситаҳои нақлиёт аз манотиқи дигар низ ба Душанбе маҳдуд хоҳад шуд. Дар робита ба ин, Раёсати БДА-и ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Путин бори дигар ба Тоҷикистон меояд. Чаро?

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, имсол бори дуюм ба Тоҷикистон меояд. Бори аввал моҳи июн омада буд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мавзӯи омодагӣ ба сафари Путинро ба Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ кардаанд.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ду вазир барои ҳамоҳангсозии “масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи президенти Русия” ба тавофуқ расиданд.

Ҷузъиёти сафари ду моҳи пеши ӯ ба Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва маълум нест, дар суҳбатҳои танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуфтанд.

Масъалаи мушкили муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки аз мушкили аслӣ барои муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, дар суҳбати гузаштаи Путин бо Эмомалӣ  Раҳмон баррасӣ нашуда буд.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки вазирони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, “дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.”

Замони ҳаракати қаторҳои Хуҷанд – Волгоград  маълум шуд

Замони ҳаракат ва шумори қаторҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград маълум шуд. Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон хабар додааст, ки фардо, 7 сентябр соати 13:00 қатори иборат аз даҳ вагон дар самти Хуҷанд–Волгоград ба роҳ мабарояд.

Анварҷон Латифзода, сухангӯи Идораи роҳи оҳани Тоҷиистон рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин қатор барои 614 мусофир пешбинӣ шудааст ва то шоми дирӯз аллакай беш аз 400 билет фирӯхта шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе ҳаракати қатора дар ин масир сурат хоҳад гирифт. Арзиши билети сафар бо қатора аз Хуҷанд ба шаҳри Волгоград вобаста ба навъи вагон аз 1200 то 1300 сомонӣ муайян шудааст.

Ин сеюмин масири мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба самти Русия мебошад. Рӯзи 16-уми август аз шаҳри Кӯлоб ва 27-уми август аз шаҳри Душанбе қаторҳо баъд аз танаффуси беш аз дусола ба роҳ баромада буданд.

Ба ин тариб, рӯзҳои сешанбею шанбеи ҳар ҳафта аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва рӯзи чаҳоршанбе аз Хуҷанд ҳаракати қатораҳо ба самти Волгогради Русия дар назар дошта шудааст.

Шаҳри Волгоград, маркази вилояти Волгогради Русия, дар 980-километрии шаҳри Маскав қарор дорад, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бисёр мусофирони катору ҳавопаймоҳое, ки ба самти Русия ҳаракат мекунанд, корҷӯён ҳастанд, ки бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон ба он ҷо мераванд ва аз ин ҳисоб оилаҳои худро дар дохили кишвар таъмин мекунанд.

Дар гузашта ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд. Охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend