fbpx

Путин барои чӣ ба Душанбе омад ва бо кӣ мулоқот мекунад?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз қабул шуд

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул шуд. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садом мардум” хабар медиҳад.

Лоиҳаи қонун дар асоси «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 таҳия гардид.

Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар ҶТ муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро муқаррар менамояд.

Дар доираи лоиҳаи қонун аввалин бор мафҳумҳои нав, ба монанди табъиз (моддаи 1), табъизи бевосита ва бавосита (моддаи 5), таъқиби ҷинсӣ (моддаи 6), сегрегатсия (ҷудокунӣ — моддаи 8), ҳимоя аз виктимизатсия (моддаи 10), медиатсия (миёнҷигарӣ — моддаи 12), тамға ҳамчун намуди ­ табъиз (моддаҳои 16 — 18) истифода шудаанд.

Кадом роҳҳои пойтахт зимни сафари Путин муваққатан баста мешаванд?

Президенти Русия Владимир Путин бо сафари ду рӯза  ҷиҳати дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад. Ҳавопаймои президенти Русия бегоҳи имрӯз ба Душанбе расид.

Дар Раёсати БДА шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, зимни ин сафар ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад.

Аз соати 15:00 аз фурудгоҳ то маркази шаҳр ва як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт роҳҳо баста мешаванд.

“Аз ҷумла, аз қитъаи кӯчаи Аҳмади Дониш то буриши кӯчаи Айни ба ҳаракати нақлиёт иҷоза дода намешавад. Роҳи хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Камаров пурра баста мешавад. Ҳамчунин аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то маҳаллаи Қарияи Боло ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад”, – изҳор намуданд дар қисми навбатдории Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе.

Раёсати БДА-и пойтахт аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост мекунад, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, зимни ба ҷое рафтан аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Тибқи иттилои радиои “Озодӣ” барномаи сафари Путин ба Душанбе асосан аз мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон иборат аст. Мақомот гуфтанд, дар ҷараёни сафари Путин ягон санад ба имзо намерасад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, “равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд”.

Ба қавли сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “ҳамкориҳои дуҷониба, рушди муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва махсусан Афғонистон” суҳбат мекунанд.

“Бархе аз коршиносон тахмин мекунанд, ки дар ин дидор баъзе аз масъалаҳои “ҳассос”-и байни ду кишвар ва ҳам вазъи дохилии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд”, – навиштааст Радио “Озодӣ”.

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз протокол имзо карданд

Дар шаҳри Душанбе музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сарҳад ба поён расид.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҷаласа аз 21 то 26-уми июн гузаштааст.

Дар поёни ҷаласа протокол ба имзо расидааст, вале муҳтавои он ба монанди ҳуҷҷатҳое, ки дар гузашта имзо шуда буданд, ифшо нашудааст. Тафсилоти мулоқот ҳам ошкор нашудааст. Дар хабари расмӣ таъкид шудааст, ки “мулоқот дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт”.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кориро дар қаламрави Қирғизистон баргузор кунанд.

Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард

Маҷрои селе, ки шоми рӯзи 26 июн пас аз боришоти шадид фаромад, ба деҳаи Ворухи ҷамоати Хушободи шаҳри Исфара зарар расонид.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 иншооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 3 км роҳи дохили маҳалла корношоям шудааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҳаллаи Хушободи ҷамоат корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ оғоз гардидаанд.

“Барои пурсамар гузаштани кор 3 адад автомашинаи тамғаи МАЗ, 2 адад КАМАЗ ва 2 экскаватор ҷудо карда шудааст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии маҳаллӣ аз ин офат осеб надидааст.

Нархи орд дар Хоруғу Мурғоб гаронтар шудааст

Бино ба мушоҳидаҳо, нархи бисёре аз маводи ғизоӣ дар аксар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳафтаҳои пешин бетағйир мондааст.

Фақат дар бозорҳои Хоруғ ва Мурғоб қимати орд 3 дарсад ва дар Қубодиён як дарсад боло рафтааст. Айни замон нархи як халтаи орд дар бозори Хоруғ то ба 400 сомонӣ мерасад.

Дар хабарномае, ки Идораи Озуқавории Созмони Милал нашр мекунад, омадааст, арзиши картошка ва пиёз, ки ҳафтаҳои гузашта баланд буданд, аз 2 то 6 дар сад поин омадаанд.

Бо вуҷуди ин, дар муқоиса ба моҳи май нархи орду биринҷ дар бисёре аз бозорҳо аз 4 то 3 дарсад ва нархи тухм 10 дар сад баландтар будаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend