fbpx

Пурсиш: Тоҷикистониён мехоҳанд ба Беларус барои кор раванд?

Президенти Беларус масъалаи муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро ба ин кишвар ба миён гузошт.


0
Мардикорбозори ғайрирасмӣ дар Душанбе, ки мардони бекор дар он ҷо ба худ кори кироя меҷӯянд

Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 16 январ, дар мулоқот бо намояндагони технопарки шаҳри Минск зарурати таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои муҳоҷиратро изҳор дошт. Ба гуфтаи Лукашенко, ӯ зид нест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷойҳои корӣ пешниҳод шаванд, муҳим он аст, ки онҳо мутахассисони соҳибихтисос бошанд.

“Мехоҳӣ тоҷикон, узбекҳо, қазоқҳо, суриягиҳо, афғонистониҳо, дилхоҳ одамонро даъват намо. Аммо бояд бидонӣ, ки ин одамон чӣ гунаанд ва дар ин ҷо ба онҳо чӣ ниёз дорӣ ва чӣ амалҳоро анҷом дода метавонанд. Наметавонанд – ёд деҳ. Аммо бояд барои ин даҳ-бист нафар масъул бошад”,- талаб кард раҳбари Беларус.

Қаблан низ Лукашенко гуфта буд, ки гӯё ба ӯ иттилоъ додаанд, ки “аз Шарқ одамон бисёр меоянд”.

“На танҳо онҳое, ки ба мо душманӣ ва ҷанг мехоҳанд. Не, одамоне низ меоянд, ки мехоҳанд зиндагӣ кунанд, кор кунанд, пул кор кунанд ва барои таъмини фарзандонашон ба ватан як танга фиристанд. Аммо бадбахтӣ дар он аст, ки ин одамон аз он корҳое, ки мо мекунем, дуранд.

Онҳо қобилият надоранд. Онҳо ба таври касбӣ омода нестанд. Ин ҳам дахшатнок нест. Муҳим он аст, ки ин одамон мехоҳанд кор кунанд ва омӯзанд. Халқи мо метавонад ба мардум таълим диҳад. Мо ба захираҳои меҳнатӣ ниёз дорем. Аммо муҳоҷирати беназорат мушкил аст”,- изҳор дошт раҳбари беларус.

Мо аз мардоне, ки одатан дар бозорҳои ғайрирасмии мардикорон рӯзона дар Душанбе ҷамъ меоянд, пурсидем, ки оё онҳо мехоҳанд барои кор ба Беларус раванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend