Дар бораи баъзе мавзуҳои тиббӣ гуфтан мушкил аст, на аз сабаби кам будани маълумот, балки аз “шармовар” будани худи мавзуъ. Аммо саломатӣ ҷойи пинҳониву шармгинӣ надорад, баръакс ҳар як савол сазовори ҷавоби дақиқ аст.
Дар нашри навбатии подкасти “Дарду дармон”, Умар Азизов – уролог, директори клиникаи “Евромед” ба саволҳо оид ба бемориҳои мардона, сабабҳо, роҳҳои табобат ва пешгирии онҳо гуфт.
Ҳамсуҳбати мо тасдиқ кард, ки аксари беморон ҳангоми муроҷиат бисёр чизҳоро пинҳон мекунанд ё ошкоро аз он шикоят карда наметавонанд, ки ин боиси ҳам бад шудани вазъи саломатӣ ва ҳам пайдо шудани мушкилиҳои оилавии онҳо мегардад.
“Барои ҳамин дар клиника ман як принсипи кориро ҷорӣ намудам, ки бо тамоми беморон танҳо суҳбат мекунем ва онро махфӣ нигоҳ медорем. Барои ҳамин, фикр мекунам бояд шарм накунанд”,- қайд намуд мутахассис.
Умар Азизов гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон сатҳи табобати бемориҳои мардона дар ҳоли рушд аст. Махсусан, дар табобати бенаслӣ навгониҳо зиёданд.
“Яке аз навгониҳое, ки дар клиникаи “Евромед” барои табобати бенаслӣ истифода мекунем, ин ҷароҳати “МикроТЕЗЕ” аст. Вақте бемор аз бенаслии чандинсола шикоят мекунад ва мебинем, ки фоизнокии спермограмма умуман нест, дар ин ҳолат ҷарроҳии мазкурро мегузаронем”,- гуфт ӯ.
Ба тавсияи мутахассис, шахсоне, ки синну солашон аз 30-35 боло аст, новобаста ба ягон аломати беморӣ, дар як сол ҳадди ақал як маротиба аз ташхиси профилактикии уролог бояд гузаранд.
“Шахсоне, ки аз 45-сола боло ҳастанд, дар як сол ду маротиба бояд ҳатман назди уролог раванд. Мешавад бемориҳои саратони простата, саратони ғадуди простата ва онҳоро пешгирӣ кардан имкон дорад.
Агар синну сол аз 60-70 боло бошад, тавсия медиҳем, ки зуд-зуд ба уролог муроҷиат кунанд ва мушкилро саривақт бартараф намоянд”,- таъкид намуд Умар Азизов.
Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо бубинед: