fbpx

“Пули таҳсилро корфармо медиҳад”. То куҷо кордиҳандаҳо ба ҷалби мутахассисон ҳавасманданд

Роҳбарияти як корхона дар шаҳри Бохтар барои малакаи хуби касбӣ гирифтани яке аз коргаронаш маблағи таҳсили ӯро пардохт мекунад.


0
Акси марбута

Ҷонибек Абдураҳмонов, донишҷӯи Литсейи касбӣ–техникии шаҳри Бохтар аст, ки дар баробари таҳсил кор мекунад. Ӯ ихтисоси устои муҳаррики автомобилро меомӯзад ва маблағи таҳсилашро корхонае пардохт мекунад, ки ӯ дар онҷо кор мекунад. Чизе ки на ҳар корфармо розӣ аст.

Коргар: “Пули таҳсиламро корфармо медиҳад”

Қаҳрамони мо дар корхонаи “Таъмири нақлиёт”-и шаҳри Бохтар, ки асосан ба таъмири мошинҳо машғул аст, ба таъмири муҳаррики автомобилҳо сарукор дорад. Ӯ то нисфирӯзӣ таҳсил ва баъди зуҳр дар коргоҳ кор мекунад. Ҳоло дар он ба ғайр аз Ҷонибек 2 нафари дигар кор мекунанд, ки онҳо калонсол буда, соҳибкасбанд.

Ҷонибек Абдураҳмонов, донишҷӯи Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ҳамроҳи устодаш ҳангоми машғулият

“Роҳбари корхона, ки марди донишманду меҳрубон аст, ба хотири пурра омӯхтани нозукиҳои таъмири муҳаррики мошин ба ман тавсия дод, ки ба Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар дохил шавам. Чун шароити молиявии оилаи мо хуб набуд, ӯ маблағи шартномаи таҳсили манро ба уҳда гирифт”,-нақл кард Ҷонибек Абдураҳмонов.

Корфармо: “Соҳибкасб муштариёни зиёдеро ба корхона ҷалб мекунад”

Роҳбарияти корхона мехоҳад коргаронаш малакаи хуби касбӣ дошта бошанд ва аз ин рӯ маблағи таҳсили Ҷонибекро пардохт мекунанд. Ба бовари роҳбари он агар коргар мутахассиси хуб бошад “корафтодаҳо суроғаро кофта ба назди ӯ меоянд”.

Абдурасул Давлатов, роҳбари корхонаи “Таъмири нақлиёт” гуфт, талаботи устои муҳаррики автомобил дар шаҳри Бохтар зиёд аст ва вақте Ҷонибек тамоми нозукиҳои таъмири муҳаррикро аз худ мекунад, муштариёни зиёдеро метавонад ба корхона ҷалб кунад.

“Таҳсил дар литсейи касбӣ се сел давом мекунад. Ин се сол зуд мегузарад ва баъд аз хатми он Ҷонибек метавонад ба корхонаи ман фоидаи зиёде оварад”,- зикр кард Абдурасул Давлатов.

Ӯ мегӯяд, ҷавонони имрӯза бояд дар вақти донишҷӯӣ хуб таҳсил кунанд. Онҳо бояд ба хотири диплому сертификат таҳсил накунанд ва дониши мукаммал дошта бошанд, ки баъди хатм ҷои кори муносибе пайдо карда тавонанд.

Кордиҳанда ба кадом мутахассис талабот дорад?

Собирҷон Ятимзода, директори литсейе, ки Ҷонибек Абдураҳмонов онҷо таҳсил мекунад, гуфт, солҳои охир таваҷҷуҳи корхонаҳо барои дарёфти мутахассис зиёд шудааст.

Собирҷон Ятимзода, директори Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар

Ба гуфтаи ӯ, кордиҳандаҳо асосан барои пайдо кардани мутахассиси кафшергари барқӣ, чӯбтарош-бинокор, чӯбтарош-сохтмончӣ ва челонгари таъмири муҳаррики автомобил муроҷиат мекунанд.

Ба иттилои вай, ҳоло литсей бо чанде аз коргоҳу корхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва дар асоси он кордиҳандаҳо барои корхонаҳои хеш мутахассиси хубро ба кор ҷалб мекунанд.

“Дар соли 2024 ҶДММ “Акобир”, ки ба истеҳсоли мебел машғул аст, 12 донишҷӯйи литсейро баъди хатм ба кор қабул кард. Ба ин монанд, се корхонаи дигар 20 хатмкардаи литсейро ба кор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, 72 хатмкунандаи литсей дар асоси муроҷиати кордиҳандаҳо бо ҷои кори доимӣ ва маош таъмин шуданд”,- гуфт Собирҷон Ятимзода.

Ярмакраҳои ҷои кори холӣ ва даъват барои ҳамкорӣ

Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ягона муассисаи таълимӣ нест, ки бо корхонаҳои ҳудуди вилоят ҳамкорӣ дорад ва хатмкунандагонаш дар асоси шартномаҳои тарафайн ба ҷои кор таъмин мешаванд.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён низ бо аксарияти корхонаҳои энергетикии минтақа шартномаи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола даҳҳо хатмкунандаи ин муассиса дар ин корхонаҳо бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Тибқи иттилои Файзулло Зувайдуллозода, муовини ректори ин донишкада танҳо дар соли гузашта беш аз 50 донишҷӯе, ки донишкадаро хатм карданд, дар ин корхонаҳо бо ҷои кор таъмин шуданд.

Зувайдуллозода Файзулло, муовини ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

“Ҳамасола дар донишкада дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои холии ташкилоту идораҳо баргузор карда мешавад. Дар ин ярмарка коргоҳу корхонаҳо мутахассиси соҳибтахассус меҷӯянд.

Илова бар ин, ҳамасола аз шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, нерӯгоҳҳои барқии минтақа мутасаддиён омада, ҷиҳати дарёфти мутахассиси соҳа ҳамкорӣ мекунанд”,- гуфт Файзулло Зувайдуллозода.

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ бо зиёда аз 80 корхонаи истеҳсолии мамлкат шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дорад.

Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректори донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Ба гуфтаи Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректори ин донишгоҳ, ин ҳамкориҳо барои сайқал додани дониш ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён равона гардида, заминаи хубе барои пайдо кардани ҷои кори муносиби донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ мегардад.

“Ба кормандони собиқ чипта харидем то омада корро давом диҳанд”

Яке аз корхонаҳои калоне, ки бо макотиби олии кишвар барои ҷалби мутахассисон ҳамкорӣ мекунад ҶСК “Азот” аст. Зимни ифтитоҳи дубораи корхона Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти корхона ва вазорату идораҳои дахлдор дар ин бора супориш дода буд.

Умед Шарифов, директори ҶСК “Азот” гуфт, барои тайёр кардани кадрҳои зарурӣ бо парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Умед Шарифов, директори корхонаи “Азот”

“Вақте чанд сол пеш корхона аз кор монд, бисёре аз коргарони мо ё кишварро тарк карданд, ё ба корҳои дигар машғул шуданд. Мо дар марҳилаи аввал кормандони собиқро ба кор даъват намудем. Аз онҳо хоҳиш кардем, ки баргарданд ва кори худро давом диҳанд.

Чунки таҷриба ва дониши онҳо барои мо аҳамияти калон дошт. Барои баъзе кормандони собиқ чиптаи ҳавопаймо харидем, то онҳо аз муҳоҷират баргашта, кори пештараи худро давом диҳанд”,- мегӯяд У. Шарифов.

Ӯ гуфт, ки ҳоло дар худи корхона низ барои ҷавонони хоҳишманд курсҳои омӯзишӣ ташкил карданд ва омӯзгорони Донишгоҳи техникӣ дар ҳамин ҷо хоҳишмандро омӯзиш медиҳанд ва умуман, дар омода кардани мутахассис ба онҳо кумак мекунанд.

Чаро муҳим аст?

Соҳибкасб кардан ва ё бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ, махсусан ҷавонон яке аз афзалиятҳои ҳукумат мебошад. Ин аст, ки шуруъ аз соли 2022 бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” амал мекунад.

Яке аз роҳҳои соҳибкасб намудани аҳолӣ ҷалби аҳолӣ ба марказҳои касбомӯзӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ мебошад. Ин аст, ки чанд сол пеш дар кишвар Кумита оид ба таҳсилоти касбӣ ва миёна таъсис ёфт, ки яке аз ҳадафҳояш ҷалби бештари аҳолӣ ба касбомӯзӣ мебошад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии рушди шуғли пурмаҳсул ин ҳамкории корхонаву коргоҳҳо бо муассисаҳои таълимии касбӣ ва миёна аст. Махсусан дар минтақаҳо.

Чӣ бояд кард?

Бо вуҷуди он ки чанде аз корхонаҳои минтақаи Хатлон бо муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олӣ ҳамкорӣ доранду матахассисони соҳибтаҷрибаро ба кор мегиранд, вале ин шумора хеле кам аст. Ин аст, ки мушкили бекорӣ дар кишвар зиёд аст ҳамасола ҳазорҳо нафар барои дарёфти кор ба муҳоҷират мераванд.

Ба иттилои Собирҷон Ятимзода, ҳамасола Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтарро 110-130 нафар хатм мекунанд ва аз ин наздики 50% бо кор таъмин мешаванд. Боқимонда ё ба муҳоҷират мераванд ё бекор мемонанд.

Ӯ мегӯяд, барои таъмини ҷои корӣ хатмкунандаҳо муассисаҳои таълмиӣ бодя ҳамкориро бо кордиҳандаҳо зиёд кунанд.

“Ҳар қадаре, ки ҳамкориҳо зиёд шаванд, ҳамон қадар донишҷӯёни мо баъди хатм бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд”, – гуфт Собирҷон Ятимозода.

Субҳон Ашӯров

Дар ҳамин ҳол, Субҳон Ашӯров коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, бояд пеш аз ҳама корфармо ба сифати мутахассис аҳамият диҳад ва намунаи ибрат бошад.

Ба гуфтаи ӯ, то кордиҳанда фарҳанги корфармоии хешро тағйир надиҳад, шуғли пурмаҳсул дар мамлакат ривоҷ намекунад.

Ба иттилои вай, ҳамасола захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон 2% зиёд мешавад ва агар аҳолии Тоҷикистон 10 миллион бошад, 200 ҳазор ҷои кории нав лозим мешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик бояд ба шуғли пурмаҳсул дар кишвар диққати ҷиддӣ дода шавад.

Сулаймон Султонов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend