Пули Малик Фаҳд, ки Арабистони Саудиро ба Баҳрайн мепайвандад, баста шуд

Манбаъҳои мустақили иттилоотӣ хабар медиҳанд, ки гузаргоҳи «King Fahd Causeway» пул ва роҳи муҳимтарини заминӣ, ки Арабистони Саудиро ба ҷазираи Баҳрайн мепайвандад субҳи сешанбе ба таври муваққатӣ баста шудааст. Ба навиштаи расонаҳо ин тасмим ба ҳайси чораҳои пешгирӣ дар пайи нигарониҳои амниятӣ ва эҳтимоли ҳамла аз ҷониби Эрон гирифта шудааст.

Бар асоси маълумоти нашршуда, мақомоти масъул ҳаракати нақлиёт дар ин гузаргоҳро “ба хотири бехатарӣ” муваққатан қатъ кардаанд, вале то кунун санаи аз саргирии дубораи он эълон нашудааст.

Ин гузаргоҳ, ки дарозиаш тақрибан 25 километр мебошад, танҳо роҳи заминӣ барои эҳтиёҷоти нақлиётӣ байни Баҳрайн ва ҷазираи Арабистони Саудӣ ба шумор меравад ва барои тиҷорат ва иртиботи иқтисодӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Баҳрайн яке аз пойгоҳҳои муҳим барои Нерӯҳои Панҷуми Иёлоти Муттаҳида мебошад, ва баста шудани ин гузаргоҳ дар шароите рух додааст, ки танишҳо дар минтақа афзоиш ёфтаанд ва таҳдидҳо ба инфрасохторҳои стратегӣ рӯ ба зиёдшавист.

Skip to toolbar