fbpx

“Пули либосу хӯроки сарбозонро тасарруф кардаанд”. Боздошти 52 мансабдор барои тасарруфи миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа

Пуле, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст.


2
2 points
Вазорати мудофиа латукӯби сарбозро рад кард
Акс аз сомонаи Вазорати мудофиаи ҶТ

Дар робита ба тасарруфи беш аз 123 миллион сомонӣ аз буҷети сохторҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 52 масъули ин ниҳод боздошт ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 9 август Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, менависад Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, пуле, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст.

“Дар натиҷаи тафтиши ниҳоии фаъолияти молиявӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ тасарруфи маблағҳо ошкор карда шуд ва то имрӯз 9 парвандаи ҷиноятӣ қисм-қисм ба Суди олӣ ирсол гардид”,- гуфт Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Дар ҳамин ҳол аз ному насаб ва вазифаҳои ин шахсон маълумот дода нашуд.

Гуфта мешавад, то ин дам 93 млн сомонии маблағи тасарруфшуда баргардонида шудааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, соҳаи мудофиа дар зинаи панҷум миёни сохторҳои бештар фасодзада қарор дорад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шуда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
5
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend