fbpx

“Пулам намерасид”. Шарҳи ҳамла бо корд ба ронандаи такси

Ба Беков Зиёвиддин як мусофираш 15-уми январи соли равон баъди талаб кардани 37 сомонӣ пули роҳкиро ҳамла намуда, 8 зарби корд зада, фирор карда буд.


1
1 point
Акс: Намогирифт аз гузориши ВКД

Вазорати корҳои дохилӣ кордзанӣ ба Беков Зиёвиддин, ронандаи ширкати “Як такси”-ро, ки 15-уми январи соли 2024 рух дода буд, шарҳ дод. Ҳодиса дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, хабар дод ВКД дар як гузориши видеоӣ.

Дастгиршуда – Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ қаблан барои дуздӣ зиндон шудааст.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки Абдуҷаббор Ғозиев баъди ҳодисаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ барои содир намудани силсилаҷиноятҳои дуздӣ охири моҳи январ дастгир гардида, равонаи зиндон шудааст”,- меафзояд манбаъ.

Мақомот мегӯянд, дастгиршуда зимни пурсиш ба ҷинояти худ иқрор шуда, сабаби корд заданаш ба ронандаи таксиро шарҳ дод.

“Пулам намерасид, барои ҳамин хостам гурезам ва ронандаи таксиро ба ҳамин ҳол расонидам. Бо ин мақсад ӯро ба ҳамин тангкӯча овардам. Ӯ дар пеш ва ман дар қафои мошин нишаста будам, гапамон гурехт ва ҳамон лаҳза аз қафо ба дасташ бо корд задам”,- мегӯяд дар навори гузориш Ғозиев.

Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бо ин банди қонун аз панҷ то ҳашт сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст ва гуфта мешавад, ба он ҷазои барои ҷинояти дуздӣ гирифтааш зам хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки милитсияи пойтахт аз дастгир шудани гумонбари ҳамла ба ронандаи такси охири моҳи июл хабар дода буд. Гумонбари ин ҷиноят беш аз 6 моҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Милитсия ваъда дода буд, ба шахсе, ки дар муайян ва дастгир кардани ин нафар мусоидат мекунад, 100 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад.  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд, ин мукофотпулиро ба як нафар тақдим намуданд.

Ҳамла ба Беков Зиёвиддин субҳи 15-уми январи соли равон дар минтақаи Яккачинори шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ба ӯ мусофир баъди аз рӯи ҳисобкунак талаб кардани пули роҳкиро – 37 сомонӣ, 8 зарби корд зада, фирор карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend