logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Прокурори генералӣ, вазири мудофиа ва раиси Хадамоти алоқа иваз шуданд

Пешниҳоди дигари Эмомалӣ Раҳмон барои иваз намудани раиси Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагон фиристода шудааст.

Your tj

13:3823.01.2025

Прокурори генералӣ, вазири мудофиа ва раиси Хадамоти алоқа иваз шуданд

Имрӯз, тибқи як тағйироти кадрӣ роҳбарони чанд сохторҳои муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон иваз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Тибқи фармони раҳбари давлат Бег Сабур аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа озод ва ба ҷойи ӯ Исфандиёри Саъдулло раиси ин хадамот таъин шуд.

Сабаби аз вазифаи рафтани Бег Сабур “ба нафақа баромадан” гуфта мешавад.

Шералӣ Мирзо аз вазифаи вазири мудофиа озод ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ фиристода шудааст. Собирзода то ин дам муовини якуми вазири мудофиаи кишвар буд.

Президенти кишвар Шералӣ Мирзоро сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйин кардааст.

Бобоҷон Саидзода муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъин шуд.

Ҳамзамон пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон дар бораи озод намудани Юсуф Раҳмон аз вазифаи прокурори генералӣ ва ба ҷойи ӯ таъйин намудани Ҳабибуло Воҳидзода ба Маҷлиси Миллӣ фиристода шудааст.

Дар пешниҳод сабаби озод намудани Юсуф Раҳмон гузаштан ба корӣ дигар гуфта мешавад, аммо маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Пешниҳоди дигари Эмомалӣ Раҳмон барои иваз намудани раиси Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагон фиристода шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

20 часов назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

1 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

3 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

3 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ