Прокурори генералӣ: ”Нисбати марзбонон ва сокинони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодам”

Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” ба қочоқи маснуоти заргарӣ гумонбар дониста мешавад

Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” Гулнора Турсунбоева 24 январ дар фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи зиёда аз 9 кило маснуоти заргарӣ аз тилло боздошт шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода.

“Гулнора Турсунбоева аз ҷониби кормандони КДАМ-и ҷумҳурӣ боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Истанбул дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Аз ӯ 9 килову 300 грамм маснуоти заргарӣ дарёфт шуд, ки ҳамагӣ 4 килояш эъломия дошта ва боқимондаашро мехост траиқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кунад”, – изҳор дошт Каримзода.

Ҳамчунин роҳбари Хадамоти гумрук зикр кард, ки айни замон сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Душанбе Равшан Назирмадов низ барои мусоидат ба ворид намудани маҳсулоти қоқоқӣ ба кишвар боздошт шудааст.

Аммо Каримзода дар бораи бо кадом модда нисбати онҳо боз шудани парвандаи ҷиноятӣ маълумот надод.

Ӯ танҳо изҳор дошт, ки тафтишот идома дорад ва ӯ аз дигар ҷузъиёти масъала маълумот дода наметавонад.

Мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” дар кӯчаи Бухоро, 32-и пойтахт дар паҳлӯи хонаи мебели “Алфемо” воқеъ аст. Дар ин мағоза ороишоти маснуоти заргарӣ аз тиллову сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, ки аз хориҷа оварда мешаванд.

Прокурори генералӣ:” Нисбати марзбонон ва сокинони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодам”

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар пайванд ба муноқишаи шаби 27 ба 28-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда кушодаанд.

Юсуф Раҳмон рӯзи 2-юми феврал дар Душанбе марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистонро дар содир намудани “ҷинояти муайян” гунаҳкор кард. Вале тафсилот надод, ки нисбати чанд нафар ва бар асоси кадом модда парванда боз шудааст.

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд,” – афзуд додситони кулли Тоҷикистон.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январи имсол, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Баъдан ду тараф шаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда, посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши саноат миёни кишварҳои ИДМ зинаи аввалро ишғол кард

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли гузашта (с.2020) аст.

Бо такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол 22,9% афзудааст, ки байни кишварҳои Иттиҳод натиҷаи баландтарин мебошад.

Масалан, ин нишондиҳанда дар Русия 5%, Ӯзбекистон – 9,5%, Қирғизистон – 0,2% ва Қазоқистон – 2,9%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 32%-и ҳисса ба соҳаи истихроҷи кӯҳӣ, 20% – ба истеҳсоли неруи барқ ва 19% – ба саноати хӯрокворӣ рост меояд.

Дар соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 271 ҳазор тонна маъдани покшуда, 1,2 млн тонна семент ва зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.

ВКД:ҲНИТ ва “Паймони миллӣ” мехостанд дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, созмони мухолифони тоҷикро дар хориҷа ба “тарҳрезии амали террористӣ” дар соли гузашта муттаҳам кард.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, “соли гузашта 4 амали суиқасди терроризм ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шуд”.

Ҳафиззода гуфт, ин ҷиноятҳо дар вилояти Хатлон, Суғд ва шаҳри Ваҳдат сабт шудаанд.

Ин мақоми ВКД дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ин амалҳо “аз ҷониби Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ якҷо бо гуруҳи “Давлати исломӣ” ба нақша гирифта шуда буд.”

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта 25 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва зиёда аз 100 узви аъзои Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ ва “Гуруҳи 24” “пушаймон шуда, ихтиёрӣ баргаштанд.” Аммо мухолифин борҳо гуфтаанд, тарафдорони онҳо аз баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия, рабуда шуда, дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Skip to toolbar