Прокурори генералӣ гуфт, сардори зиндони Ваҳдат низ ҳангоми ошӯб захмӣ шудааст

Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, дар робита ба ошӯби рӯзи 3-юми феврал дар зиндони шаҳри Ваҳдат тибқи моддаи “сӯиқасд ба куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” (моддаи 332 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ӯ дар нишасти хабарӣ рӯзи 14 феврал ба хабарнигорон гуфт, оид ба “чӣ тавр, аз тарафи кӣ ва барои чӣ сурат гирифтани ин ҳодиса” тафтиш идома дорад.

Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон

Тавре Воҳидзода шарҳ дод, ошӯб аз ҷониби гурӯҳи маҳкумшудагоне сурат гирифтааст, ки дар ин зиндон “бо ҷиноятҳои характери террористию экстремистидошта ба муҳлатҳои дурудароз адои ҷазо менамуданд”.

“Онҳо байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо ашёи халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, се нафари онҳоро захмӣ карданд. Яке аз онҳо ҷароҳати вазнин, дигарҳо каме вазнин ва сабук. Дар ин ҳолат аз ҷониби кормандони муассиса нисбати безараргардонии маҳкумшудагон чораҷӯӣ карда шудааст”,- афзуд прокурори генералӣ.

Ӯ инчунин тасдиқ кард, ки дар байни захмиён сардори зиндон низ ҳаст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 феврал дар муассисаи ислоҳии рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат 9 нафар маҳбус ошӯб бардоштанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷа 3 маҳбус кушта ва 3 корманди зиндон захмӣ шуданд.

Дар хабари расмӣ аз маҳбусони кушташуда ном бурда нашудааст. Тибқи маълумоти дарёфтӣ шумораи маҳбусони кушташуда назар ба хабари расмӣ бештар мебошанд. Номи ҳафт нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Ному насаби онҳо Ҳасанов Суҳроб Сафармадович, Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович, Тилабов Али Тилабович, Орузев Шаҳзод Ҷамшедович, Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич, Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович, Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович мебошад.

Муфассал дар бораи ошӯб дар зиндони Ваҳдат аз ин ҷо маълумот гиред

Skip to toolbar