Прокуратураи генералӣ латукӯби ноболиғи 17-соларо дар Панҷ тафтиш мекунад

Ҳодиса бегоҳии рӯзи 24-уми апрел рух дода буд.


Латукӯби ноболиғ аз ҷониби облава дар Тоҷикистон

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мақомот ба наворҳои дар беморхона бистарӣ шудани ҷавоне, ки дар натиҷаи латукӯб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ гирифтааст, вокуниши кӯтоҳ нашр карданд. Ба иддаои наздиконаш ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Панҷро комиссари ҳарбии ин ноҳия тариқи “облава” дастгир карда, дар утоқи корияш латукӯб кардааст.

Маркази матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ навиштааст, ки санҷиш аз рӯйи ин ҳодиса оғоз ёфтааст.

“Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон наворҳои дар беморхона бистарӣ шудани ҷавонеро, ки аз ҷониби шахси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд”,- омадааст дар матни вокуниш.

Ба иттилои манбаъҳои сомонаи Farazh.tj Суннати 17-сола, ки соли таваллудаш 2006 аст, пас аз дарс дар як нуқтаи шустушӯи нақлиёт мошиншӯйӣ мекардааст. Бегоҳи 24-уми апрел комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, Раҳмонзода Фитрат  ӯро тариқи маҷбурӣ ба Комиссариати ҳарбӣ бурда, дар утоқи кориаш латукӯб кардааст.

Сомонаи прокуратура менависад, тафтишот идома дорад.