fbpx

Прокуратураи генералӣ: Ба гумонбари қатли Руфейдаи ноболиғ ҳабси абад таҳдид мекунад

Аммо нисбати модари гумонбар ягон парвандае боз нашудааст.


1
1 point
Руфейда Иноятова

Нисбати гумонбари қатли Руфейда парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аммо нисбати модари гумонбар, ки гӯё ҷинояти писарашро пинҳон кардаааст, ягон парванда боз нашудааст.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти мабуотӣ Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

“Нисбати гумонбар ба қатли Руфейда мувофиқи моддаи 104 қисми 2(Одамкушӣ) ва 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номус) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтишоти ҳодиса идома дорад. Ният дорем, ки парвандаро дар рӯзҳои наздик ҷамъбаст карда ба суд фиристем. Ҷинояткори ҳодиса ҳатман ҷазо мегирад”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки нисбати модари гумонбар, ки гӯё ҷинояти писарашро пинҳон карда буд, ягон парвандае кушода нашудааст.

Тибқи парвандаҳои ҷиноятии бозшуда ба гумонбар ҳабси абад таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Руфейда Иноятова духтарчаи 7 сола, сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рудакӣ, рӯзи 3 июл аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуда буд. Дар ин бора аммаи духтарак Саида Иноятова дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода буд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи духтарчаро муайян ва дастгир кардаанд.

Аз навиштаҳои Саида Иноятова аммаи Руфейда дар саҳифаи бар меояд, ки духтаракро марди ҳамсоя, ки Руфейда дугонаи духтаронаш будааст, бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, таҷовуз намудааст. Сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
8
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
16
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend