Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:0721.12.2024
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз дастгир шудани 4 нафар бо гумони даст доштан дар кушторҳои пайдарпай дар Конибодом хабар дод.
Ин ниҳод гуфт, ҷиноят "кушода шуд" ва бар зидди боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом ҳастанд.
Ҳамин тариқ, ба иттилои прокуратура, Солехҷон Худойбердиеви 26-сола, сокини деҳаи Гулбоғ, Аҳадҷон Тухтаеви 27-сола, сокини деҳаи Гулбоғ, Бахтиёр Равшанови 31-сола сокини деҳаи Санҷидзор ва Манучеҳр Одилови 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев дастгир карда шудаанд.
Манбаъ менависад, Прокуратураи генералӣ кушторҳо дар шаҳри Конибодомро тафтиш намуда истодааст ва фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Рӯзи 16-уми декабр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъд аз як рӯзи куштори аъзоёни ду оила ба Конибодом рафта, бо фаъолони ҷомеа ва масъулон баргузор кард. Ӯ гуфта буд, барои ошкорсозии ин ҷиноятҳо “беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот” сарҷамъ омаданд.
Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он дар охири моҳи март оғоз ёфт. Дар давоми 8 моҳ, тибқи иттилои расонаҳо, ҳадди аққал аъзоёни ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи боздошти ду гумонбар гузориш доданд. Яке ба ҳабси абад, дигаре ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Аммо кушторҳо идома ёфтанд. Дар як ҳафтаи охир дар Конибодом даҳ нафар аз се оила кушта шуданд.
359 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
23 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
23 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад