Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:3602.06.2023
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон барои иштирок дар нишаст (саммит)-и “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” ба Қирғизистон рафт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, дар ин сафар ӯро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, ёври президент оид ба масоили иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Барои иштирок дар кори нишаст сарони кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон низ имрӯз ба шаҳри Чолпон-Ота меоянд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар ин вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.
Дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
3 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
10 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
10 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
11 дня назад