logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Президенти Тоҷикистон ба беш аз 200 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳо дод

Дар он олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Your tj

17:2830.08.2023

Президенти Тоҷикистон ба беш аз 200 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳо дод

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба беш аз 200 нафар кормандони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Маросими мазкур имрӯз, 30-юми август дар Қасри Миллат баргузор гардид. Дар он олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, 1 нафар бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 19 нафар бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 20 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста, 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, 12 нафар барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд.

Президент ба 15 нафар олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023-ро супоридааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

11 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ