fbpx

Президенти Қирғизистон гуфт, мушкилии марз бо Тоҷикистон то соли нав ҳал мешавад 

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон Акс аз vesti.kg

Дар Тоҷикистон биринҷ каме арзону тухм гарон шуд

Нархи  биринҷ ва равғани рустанӣ дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта то 1 дар сад арзонтар шудааст.

Дар гузориши тозаи Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ, ки мунтазам қиматҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро мушоҳида мекунад, омадааст, ки сабаби арзонтар шудани нархи биринҷу рӯған фаровонии ин маводи ғизоӣ дар бозорҳо будааст.

Айни замон қимати як кило биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон аз 13 то 15 сомониро ташкил медиҳад. Қимати тухм мисли ҳафтаҳои пешина 4 дар сад боло рафта ва ҳоло қимати як қуттии он то ба 47 сомонӣ мерасад. Хабари хуб барои сокинон ин аст, ки қимати бензину дигар маводи сӯхт дар 7 бозор аз 1 то 6 дар сад поин омадааст.

Президенти Қирғизистон гуфт, мушкилии марз бо Тоҷикистон то соли нав ҳал мешавад

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 17-уми ноябр зимни суханронӣ дар порлумони ин кишвар  гуфтааст, ба баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта шуд. Ҳамчунин илова кардааст, то соли нав роҳбарияти Қирғизистон талош мекунад, ки баҳсҳои марзиро бо Тоҷикистон низ ҳал кунад.

“Аз шумо ташаккур мекунам, ки созишномаи муайянсозии қитъаҳои марзиро бо Узбекистон ҷонибдорӣ кардед, дар ин масъала нуқта гузошта шуд. Худо кунад, агар монеаҳои дигар эҷод нашаванд, мо нақша дорем, ки то соли нав масоили марзиро бо Тоҷикистон низ ҳал кунем. Мо бо чаҳор кишвари ҳамсоя бояд дар сулҳ ва созиш зиндагӣ кунем. Ҳеч кадом сарбоз дигар набояд дар марз кушта шавад”, – гуфт Ҷабборов.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 ноябр Созишнома оид ба муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марз ва идораи муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард.

Лоиҳаи қонунро барои тасдиқи созишнома раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев муаррифӣ кард.

Аз лоиҳаи қонун 64 вакил тарафдорӣ ва 19 тани дигар мухолифат карданд.

Ҷабборов пештар аз ин гуфта буд, ки 99 дарсади қитъаҳои баҳсӣ бо Узбекистон ба нафъи Қирғизистон ҳал шудаанд. Вай илова карда буд, ки “дар баҳси марзӣ бо Узбекистон нуқта гузошта мешавад”.

“Ман бовар дорам, мардум ба мо офарин хоҳад хоҳанд, вақте ки ҳама чизро бо чашми худ бубинад”, – гуфт Ҷабборов.

Созишномаи марзиро бо ҷониби Қирғизистон рӯзи 14 ноябр порлумони Узбекистон низ тасдиқ карда буд.

Муҳокимаи тарҳи қонуни тасдиқи созишнома аз ҷониби мухолифони Қирғизистон эътирозҳоеро ба бор овард.

Halyk Bank саҳмияҳояшро ба “Бонки байналмиллалии Тоҷикистон” фурухтааст

Halyk Bank дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ташкилоти фаръӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи филиалаш дар ҷумҳурӣ хабар додааст.

ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, мувофиқи шартҳои созишномаи пешина ҳамаи навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод хоҳад кард.

“Дар бораи ҳеҷ як фурӯш ё ба ББТ гузаштани қарзу дороиҳо сухан намеравад. Бонк ба қабули пардохтҳо оид ба қарз мисли пешина идома медиҳад. Мизоҷони Халиқ бонк набояд қарзҳояшонро ба ББТ пардохт кунанд!”, – хабар додааст манбаъ аз Halyk Bank.

Дигар ҷузъиёти масъала, инчунин маблағи муомилоти хариду фурӯш ҳоло маълум нест.

Ҳанӯз тобистони соли 2021 “Бонки халқии Қазоқистон” (Halyk Bank) изҳор дошта буд, ки ният дорад бозори Тоҷикистонро тарк кунад: 30 июл шӯрои мудирон дар ихтиёран барҳамдиҳии таҳкилоти фаръӣ қарор қабул кард.

“Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд”, – зикр шуда буд дар хабар.

Пас аз қариб ду моҳ Halyk хабар дод, ки ташкилоти фаръӣ “бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, ҳама навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод ва ҳама гуна амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.

Баъдан Halyk Bank дар бораи боздоштани амалиёти байнибонкӣ дар Тоҷикистон аз 1 декабри соли равон хабар дод.

Қобили зикр аст, ки воҳиди “Бонки халқии Қазоқистон” дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият дорад.

Тибқи маълумоти БМТ, ҳаҷми сармояи оинномавии “Халиқ Бонк Тоҷикистон” 34,4 млн сомонӣ (3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend