Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд, ҳангоми мулоқот бо  роҳбарону фаъолони минтақа, аз рушди иқтисоди вилоят изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ  барои татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят беш аз 40 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

“Боиси қаноатмандист, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст”, – таъкид намудааст президент.

Вай иброз доштааст, ки дар вилояти Суғд дар ҳаҷми 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 24 тарҳи дигар идома доштааст.

“Коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ таъмин карда шавад”

Раисҷумҳур зикр намудааст, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

Ӯ  ба масъулон супориш додааст, ки коркарди маҳсулоти хомро пурра таъмин кунанд.

“Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа, зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад”, – афзудааст президент.

Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти вилояти Суғд дар соли гузашта  49 миллиард сомониро ташкил додааст, ки  ба гуфтаи президент чунин нишондод саҳми назарраси вилоят дар таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар мебошад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд  ба 1324 расидааст, ки нисбат ба оғози давраи соҳибистиқлолӣ 11 баробар зиёд будааст.

Дар идомаи сӯҳбаташ  президент афзудааст, танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойҳои кори  нав бунёд шуда,  як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои коркарди маъдан ва саноати сабук ба маблағи умумии беш аз 6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодаанд.

Ӯ ҳамчунин илова намудааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 22 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва беш аз 6900 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

70 миллиард сомонӣ қарз ба соҳибкорону аҳолӣ чиро тағйир дод?

Дар ин давра, ба таъкиди президент ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 70 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд ва  дар рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 560  километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва пулҳо ба истифода дода шудаанд.

“Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти рафтуомади одамон ва интиқоли молу маҳсулот ду рӯз пеш мо санги асоси оғози азнавсозии роҳи Хуҷанд – Аштро гузоштем…Бо дарназардошти он, ки рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя, тавсеаи тиҷорат ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ба вазъи инфрасохтори нақлиётӣ робитаи мустақим дорад, масъулинро зарур аст, ки минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд”, – иброз доштааст додааст раисҷмуҳри кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  рӯзи 20-уми сентябр ба вилояти Суғд сафар намуда, дар доираи ин сафар  роҳу мактабу беморхона, Маркази дастгирии оила ва кӯдак, чанд корхонаи саноатӣ, хати оби нӯшокӣ ва калонтарин нерӯгоҳи офтобиро ба истифода дод.

Skip to toolbar