fbpx

Президент маоши олимони тоҷикро баланд кард, аммо Дисернет онҳоро ба асардӯзӣ муттаҳам намуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Акс аз Хадамоти матбуотии президент

Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон дар бораи марзро ифшо кард

Намояндаи махсуси Девони Вазирон дар умури сарҳадии Дастгоҳи президенти Қирғизистон Назирбек Борубаев дар муколама бо “24.kg” гуфт, ки корҳои аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.

Вай афзуд, ки “кори комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад тақвият ёфтааст. Ҳоло бошад, мутахассисон дар маҳал кор мекунанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат моҳе ду маротиба нозукиҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мушаххас карда мешаванд. Сокинони маҳаллӣ низ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд”.

Намояндаи мақомоти Қирғизистон қайд кард, ки ӯ наметавонад маълумотро дар бораи қитъаҳои аллакай мувофиқашуда ифшо кунад, аммо афзуд, ки дар вохӯриҳои ахир дар бораи 70 километр аз сарҳади кишварҳо қарор қабул шуд.

Пеш аз ҳама ҷонибҳо дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ даъвои ҳудудӣ надоранд, гуфт Борубаев.

Борубаев инчунин гуфт, ки барои деҳаҳои ноҳияҳои Кок-Тош ва Оқсой, ки ба хатти сарҳад хеле наздиканд ва ҳатто дар шакли тахтаи шоҳмотанд, стратегияи беҳтарин мубодилаи қаламравҳо аст, аммо дар ҳоли ҳозир кор бинобар ҳолатҳои ғайриқонунии хариду фурӯши хонаҳо ва қитъаҳо мавқуф гузошта шудааст.

Маоши олимон 28% зиёд шуд, аммо Дисернет ду олими тоҷикро боз ба асардуздӣ муттаҳам кард

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, моҳи сентябр музди меҳнати зиёдшударо танҳо кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи он мегиранд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси фармони мазкур андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи тадқиқотии “Диссернет” ду олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ ҳангоми навиштани рисолаи илмияшон муттаҳам карда, ба шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки унвони илмии онҳо бекор карда шавад.

Тибқи иттилои пойгоҳ, ин бор муаллифони он Рабиева Таҳмина, мудири шӯъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Қобилов Далер, номзади илмҳои иқтисодӣ ба сирқати илмӣ гунаҳкор шудаанд.

Ҳамчунин, яке аз Пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки Рабиева Таҳмина аз унвони “номзади илми иқтисод” маҳрум карда шавад.

Ба навиштаи “Диссернет” Рабиева 12 марти соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбари Абдуғаффор Рауфӣ дифоъ намудааст.

Далер Қобилов 29-саҳифаи кори худро аз рисолаи мазкури Олга Литвинова, 25 саҳифаашро аз рисолаи Олга Коверченко ва 12 саҳифаашро аз рисолаи Светлана Вишнякова қисман ё пурра рӯйбардор кардааст.

Абдулмаҷид Достиев: Номи “Искандаркӯл” ба “Раҳмонкӯл” иваз карда шавад

Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба “Кӯли Раҳмон” ё “Раҳмонкӯл” иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст.

Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 -ум Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”

“Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем”,- гуфтааст Достиев.

Қимати орд дар бозорҳои Суғд боло рафт

Ҳоло арзиши як халта орди 50-килоии навъи якум ба 265 сомонӣ баробар шудааст. Харидорон дар бозорҳои Суғд мегӯянд, арзиши орд назар ба як ҳафтаи пеш 20 сомонӣ бештар шудааст.

Бино ба гуфтаи сокинон, қимати орд дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҳам тағйир ёфтааст.

“Ду-се рӯз пеш як халта орди навъи якум 245 сомонӣ буд, ҳоло 260-265 сомонӣ шудааст”,-гуфт сокини Хуҷанд, ки аз бозор харид мекард.

Ғаниҷон Почоев, раиси Анҷумани соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” сабаби болоравии нархро чунин шарҳ додааст: Қимати орд дар коргоҳҳое, ки ба тавлиди ин маҳсул машғуланд, тағйир ёфтааст. Агар пештар бозорнишинон як халта ордро 250-252 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло он 258 сомонӣ аст. Фурӯшандаҳо болои арзиши ҳар халта орд 5-6 сомонӣ афзуда, пешкаши харидорон мекунанд”,-гуфт Почоев.

Дар ҳамин ҳол манобеъ аз бозорҳои дигари Суғд дар бораи болоравии арзиши орд хабар доданд.

Лукашенко дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Президенти Беларус Александр Лукашенко сафирони нави ин кишварро дар Тоҷикистон, Бразилия ва Ҷумҳурии Корея таъин кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории БЕЛТА.

Аз манфиатҳои Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко ҳимоят хоҳад кард. Ӯ баъди кор ба ҳайси муовини сардори Сарраёсат – сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгиройии авруосиёии ВКХ сари мансаби сафирӣ меояд.

Дар мавриди Тоҷикистон Александр Лукашенко таъкид кардааст, ки ин на танҳо як кишвари дӯст, балки сарвари давлати Беларус бо раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон дӯстии наздики шахсӣ дорад.

“Мо аз ҳамдигар қариб ҳеҷ сирре надорем. Инро сафари охирини серӯзаи ман низ нишон дод. Аз ин рӯ, кор кардан дар ин ҷо барои шумо осон хоҳад буд”, – гуфтааст ӯ ба Виктор Денисенко.

Аз сӯи дигар, таъкид кардааст президент, барои рушди тиҷорат бо Тоҷикистон имконоти бузург мавҷуд буда, инчунин соҳаҳои мушаххаси дигарро низ метавон дар ҳамкорӣ илова намуд.

БҶ коҳиши касри буҷаро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад

Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки касри буҷа дар соли 2021 дар Тоҷикистон то 2,6% ММД коҳиш хоҳад ёфт. Ин ташкилоти ҷаҳонии молӣ чунин баҳогузориро бар асоси додаҳои “Гузориш дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистон, тобистон-2021: Иқтисод барқарор мешавад, мушкилот боқӣ мемонад” ироа кардааст.

Бар асоси ин санад, бузургтарин фишор ба буҷаи давлатии Тоҷикистон эҳтимол аз ҳисоби хароҷоти марбут ба коронавирус ва тарҳҳои рушди зербиноӣ, бахусус дар бахшҳои энержӣ ва ҳамлу нақл ворид шавад.

Гуфта мешавад, ки мавҷҳои нави пандемия харҷи минбаъдаи буҷаро барои дастгирии системаи тандурустӣ ва аҳолии осебпазир талаб мекунад.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки агар шумори камбизоатон афзоиш ёбад, пас шохисҳои вобаста ба таваррум ислоҳи болотари пардохтҳоро талаб мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend