Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:3201.05.2023
Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1-уми май чанд тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Ба иттилои сомонаи president.tj Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.
Шарифхон Сафарзода аз 25 июли соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб фаъолият дошт.
Бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд. То ин замон, Хусрав Дамонзода ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолият дошт.
Ҳамин тавр, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон таъйин шуд. Мирзозода Музаффар то ин дам муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вазифа озод ва бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардид.
Ба кадом вазифа гузаштани Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ҳоло номуайян аст.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад