fbpx

Президент ба худдорӣ аз баргузории маъракаҳои серхароҷот даъват кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз хадамоти матбуотии президент

Президент ба худдорӣ аз баргузории маъракаҳои серхароҷот даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 ноябр дар машварати корӣ бо иштироки муовинони сарвазир, роҳбари дастгоҳи иҷроия, ёрдамчиёнаш ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Президент ба ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо дод.

Гуфта мешавад, ҳамчунин доир ба риояи қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Донишгоҳҳои ватанӣ, донишҷӯёни ӯзбеки аз дигар кишвар баргаштаро қабул намекунанд

Донишгоҳҳои Узбекистон садҳо донишҷӯеро, ки бо даъвати мақомот аз мактабҳои олии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ватан баргаштанд, қабул намекунанд. Баъзе аз ин донишҷӯён ҳатто маҷбур шудаанд, аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кунанд, ки ба мушкили онҳо дахолат кунад.

Сокини вилояти Қашқадарё бо номи Нодир (номи донишҷӯ иваз шудааст) баъди як соли таҳсил дар донишгоҳи ба номи Мухтор Ауэзови Қазоқистони Ҷанубӣ бо даъвати мақомоти узбек ба ватан баргашта, тасмим гирифт, дар донишгоҳи давлатии вилоят таҳсил кунад.

“Ба суханҳои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бовар ва донишгоҳи Қазоқистонро тарк карда, ба ватан баргаштам. Вале дар донишгоҳи кишвари худ бо мушкили бюрократия рӯбарӯ шудаанд. Ба ман то 15-уми ноябр муҳлат додаанд, то як қатор санадҳоеро пешниҳод кунам, ки худи онҳо бояд аз донишгоҳи Қазоқистон дархост намоянд. Дар донишгоҳи кишвари ҳамсоя ба донишҷӯён ин санадҳоро намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, барои ин санадҳо намояндаи расмии донишгоҳи Узбекистон бояд биёяд”, – изҳор доштааст ӯ.

Бино ба иттилои канали телеграмии “Қашқадарё”, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 донишҷӯи узбек, ки аз кишварҳои хориҷ баргаштаанд, наметавонанд таҳсилашонро дар Донишгоҳи Қашқадарё идома диҳанд.

Ҷарима барои поймол кардани гулзорҳо

Дар Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои гузаштан аз болои сабзаву гулзорҳо ҷарима таъин карданд.

Мансур Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 3-юми ноябр гуфтааст, ки ҷарима аз 30 то 60 сомонист. “Ин ба сабзаву гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳо, назди роҳҳо, назди биноҳои истиқоматӣ дахл дорад, ба истиснои сабзае, ки дар боғҳо барои истироҳат пешбинӣ шудааст”, — шарҳ дод ӯ дар ҷаласаи порлумон. Солҳои охир дар аксар маркази шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои зебоӣ гул мешинонанд.

Бино бар ислоҳҳои нави қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷазо барои пиёдагардоне, ки қоидаи роҳро вайрон мекунанд, аз 7 то 60 сомонии пешина то 120 сомонӣ боло бурда шуд.

Вазорати тандурустии ИМА ба Тоҷикистон омаданро тавсия намедиҳад

Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо дар Департаменти тандурустии ИМА маълумоти машваратии сайёҳии худро нав кард. Тибқи рейтинги нашршуда Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон “сатҳи хатари сироятёбӣ ба COVID-19 маълум нест”. Антарктида низ дар ҳамин қатор аст.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ, танҳо Қирғизистон дар феҳрасти Вазорати тандурустии ИМА, дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки хатари сирояти COVID-19 кам аст. Аксарияти кишварҳои Аврупо ва ИДМ ба гурӯҳҳое, ки хатари гирифторӣ ба коронавирус дар онҳо зиёд ё хеле бештар аст, дохил карда шуданд.

Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор ваксин мегирад

Авохири ин ҳафта Тоҷикистон аз Чин боз 500 000 воя ваксина дарёфт мекунад. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии вазорати тандурустӣ хабар дод.

“Рӯзи 7-уми ноябр Тоҷикистон ба унвони кумаки башардӯстона аз Чин 500 000 воя ваксини “CoronaVac” дарёфт мекунад”, – изҳор доштааст Ҷаъфаров.

Дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва кумакҳои башардӯстона ба кишвар ҳудуди 5 миллион воя ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудааст.

Феълан дар Тоҷикистон 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мавҷуданд, ки инҳо “CoronaVac”, “AstraZeneca”, “Moderna”, “Pfaizer” ва “Спутник V” мебошанд.

Русия дар Тоҷикистон маркази омодагии пеш аз муҳоҷират боз карданист

Русия тасмим гирифтааст аз соли 2022 то соли 2025 дар кишварҳои асосии таъмини қувваи корӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се маркази тайёрии пеш аз муҳоҷиратро муҷаҳҳаз  ва роҳандозӣ кунад.

Муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ин робита гуфтааст, шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд маҷмӯи пурраи хидматгузориҳоро дар бахши муҳоҷират дарёфт кунанд ва “бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо барои кору зиндагӣ дар қаламрави кишвар ба Русия биёянд”.

Ба гуфтаи муовини вазир, дар доираи ташаббуси стратегии ҳукумат “Русия – кишвари ҷолиб барои таҳсилу кор” оид ба “вуруд ба бозори кори Русия”, ки ба афзоиши хориҷиёни расман машғули кор то 3,5 млн нафар дар соли 2030 имкон медиҳад, тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend