Фармони даъвати ҳарбии тирамоҳӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд. Тибқи он аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
“Дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 шаҳрвандони мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, инчунин шаҳрвандони калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтан ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд”,- гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамин тариқ, хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябр аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ба Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки шаҳрвандонро бо роҳи интихоби дақиқи наваскарон, бо назардошти хусусияти хизмат дар қисмҳои гуногун ва дар навбати аввал қабул кардани онҳо ба хизмати ҳарбӣ гиранд.
Ба Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои сохтории он супориш дода шуд, ки масъалаҳои ташкилу гузаронидани даъват ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро инъикос намояд.
Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуд, ки табибону мутахассисони ботаҷрибаро барои назорат ва муоинаи тиббии даъватшавандагон сафарбар намояд.
Дар Тоҷикистон ду сол инҷониб тибқи қонуни нави ҳарбӣ даъватшавандагон метавонанд бо пардохти маблағи аз тарафи ҳукумат муқарраршуда, ба ҷойи ду соли хизмати анъанавӣ дар сафҳои артиш, давоми як моҳ аз таълими ҳарбӣ гузаранд.
То 1-уми сентябри соли ҷорӣ маблағи он 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) буд, вале тибқи тағйиру иливаҳои нав он акнун 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо шуд.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.