“Постгоҳҳои “баҳснок” аз байн бардошта мешаванд”. Натиҷаҳои гуфтушуниди навбатӣ дар марз

Аз ҷониби Қирғизистон постгоҳҳои Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача ва аз Тоҷикистон — Бедак, Кех, Кара Чикум ва Шаршен аз байн бардошта мешаванд


Бегоҳии 25 – уми сентябр Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд. Гуфтушуниди Раиси КДАМ – иТоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ – и Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кизил-Бел» баргузор гардид.

Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев “изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд”, – омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Ташиев гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд 3- тои посгоҳ ва 1-тои пойгоҳи марзӣ аз ҳарду ҷониб аз байн бардошта шавад, хабар медиҳанд расонаҳои Қирғизистон.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби Қирғизистон постгоҳҳои Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача ва аз Тоҷикистон — Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен аз байн бардошта мешаванд.

Ба гуфтаи Ташиев, дар бораи суръат бахшидан ба кори комиссияи демаркатсия ва делимитатсия низ тасмим гирифта шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Ёдовар мешавем, ки баъди муноқишаҳои хунини марзии ҳафтаи гузашта, ду кишвари ҳамсоя чандин санаду протоколҳои оташбас имзо карданд. Ҳоло вазъ дар марз ором аст ва сокинони осоиштаи ду тараф ба зиндагии муқаррарии хеш бармегарданд.