logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Пораи ҷигарамро додам, то фарзандонам бесаробон намонанд". Зане аз шаҳри Бӯстон ба шавҳараш донори ҷигар шуд

Пизишкон қайд мекунанд, ки ин амалиёт беназир буда, бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Your tj

12:3021.02.2024

"Пораи ҷигарамро додам, то фарзандонам бесаробон намонанд". Зане аз шаҳри Бӯстон ба шавҳараш донори ҷигар шуд

Муҳлиса Каримова сокини шаҳри Бӯстон як қисми ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов дода, донори зиндаи ӯ шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ман бе ягон дудилагӣ ба ин ҷарроҳӣ розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Шавҳарам бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Ба табибони мо, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос мекунам”.- мегӯяд Мухлиса дар навори гузориш.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом дода шудааст. Пизишкон қайд мекунанд, ки ин амалиёт беназир буда, бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Қайд мегардад, ки ин ҷарроҳӣ аз амалиёти қаблан дар ҷигар анҷом додашуда ба куллӣ фарқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Лолахонов низ як қисми ҷигарашро ба ҳамсараш ҳадя карда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

16 часов назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

22 часов назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

3 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

3 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ