Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2820.11.2025
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти Илёс Толиев, марде, ки соли 2000-ум ба паррондани ҳамкурсаш гумонбар шуда, фирор кардааст, хабар дод.
Ба иттилои пулис, Толиев рӯзи 14 декабри соли 2000 замони таҳсил дар курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ бо таппончаи тамғаи Star “бо эҳсоси худнамоӣ” ба донишгоҳ омада, ба тарафи ҳамдарсаш Ситора Кенҷаева тир холӣ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, то имрӯз аз он ранҷ мебарад.
Пас аз ҳодиса, ба иттилои манбаъ, Толиев барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар фирор карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Дар хабар гуфта намешавад, ки ӯ дар кадом кишвар пинҳон мешуд.
Баъди боздошт, дар навори полис Толиев иқрор шудааст, ки тирандозӣ нохост сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, баъди ҳодиса аз тарс синфхонаро тарк карда, таппончаро ба дарёи Душанбе партофтааст.
Бар зидди Илёс Толиеви 45-сола бо моддаҳои сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3), одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2, банди “З”) ва ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳ (моддаи195 қисми 1) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад