fbpx

Покистон кумак ба Толибонро барои ишғоли Панҷшер рад кардааст. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Туркманистон ба гузаштани вагонҳои Тоҷикистон иҷоза дод, аммо роҳи мошинҳоро пурра накушод

Туркманистон баъди чаҳор соли мамониат дар оғози моҳи сентябр ба гузаштани вагонҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза дода, аммо роҳро ба рӯйи мошинҳо пурра накушодааст.

Чанде аз тоҷирони тоҷик гуфтанд, ки маҳсулоти харидаи онҳо аз Эрон аз хоки Туркманистон гузашта, дар роҳ ба Тоҷикистон аст.

Фаррух Неъматзода, намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи даҳуми сентябр боз шудани роҳи вагонҳоро тасдиқ кард.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва тенологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт, “ба ҳама навъ бору колое, ки аз Тоҷикистон тавассути Туркманистон ба берун бурда мешавад ё аз хориҷ оварда мешавад, чиҳил дарсад сабукӣ дода шудааст.”

Покистон кумак ба Толибонро* барои ишғоли Панҷшер рад мекунад

Покистон иддаои даст доштан дар тасарруфи Толибон* дар вилояти Панҷшери Афғонистонро рад кард, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба радиои Покистон.

Ба гуфтаи Осим Ифтихор, сухангӯи вазорати умури хориҷии ин кишвар гуфт, чунин изҳорот дар васоити ахбори умум ба воқеият мувофиқат намекунад.

Ба гуфтаи Ифтихор, як қатор хабарҳои ахборие, ки дар матбуоти Ҳиндустон нашр шудаанд, аллакай рад карда шудаанд.

Вай афзуд, ки ин гуна иттилоот бахше аз “маъракаи таблиғотӣ” алайҳи Покистон ва як навъ “кӯшиши ноумедкунанда” барои гумроҳ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳо аз даст доштани Покистон дар тасарруфи Панҷшер хабар дода буданд.

* – ҷунбиши Толибон * ҳамчун созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон.

ВКХ: “Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 сентябр дар нишасти маҷозие, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, иштирок кард.

Бинои ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр карда, изҳор доштааст, ки Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.

Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.

“Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард”, – таъкид дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард

Рӯзи 10 сентябр ба Тоҷикистон аз роҳи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ бастаҳои нави воксинаҳои зидди COVID-19 ворид шуд. Дар изҳороти хабарии UNICEF ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки 100 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди COVID-19-ро ҳукумати Олмон тақдим кардааст ва имрӯз ин воксинаҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин воксинаҳои навъи AstraZeneca мебошанд, ки сохти донишмандони Бритониё ва Шведсия буда, барои ду дафъа эмкунӣ пешбинӣ шудааст.

Ролф Траут, муовини сафири Олмон дар Тоҷикистон, ки дар ҷараёни тақдими воксинаҳо ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ширкат карда, гуфт, “Ҳадафи мо – таъмини ҳар як нафар бо ваксинаи зарурӣ мебошад. Ваксинаҳо бояд дар саросари ҷаҳон дастрас бошанд”. COVAX як барномаи вижаи СММ аст, ки таъмини кишварҳои нодор бо воксинаҳои зидди коронавирусро пешбинӣ мекунад.

Рӯзҳои наздик Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад

Рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ аксари минтақаҳои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Ғайр аз ин, суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, вилояти Хатлон, хусусан шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакиро фаро мегирад.

Гуфта мешавад, бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера  аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10), Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5мкр)  дар назар аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend