Пойафзолдӯз бо ду дипломи олӣ: “Пули меёфтаам аз маоши кормандони давлатӣ зиёдтар аст”

Файзулло Муқимов соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад, аммо тӯли 22 сол мешавад, ки ҳамчун устои пойафзолдӯз фаъолият мекунад. Аз рӯи ин касбаш зиндагиашро пеш мебарад. Ӯ бо ин касбаш натанҳо зиндагиашро пеш мебарад, балки соҳиби хона низ шудааст.

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии “кафшдӯзон” таҷлил мешавад. Вобаста ба ин рӯз муаллифи Your.tj ба Шумо оиди рӯзгори устои пойафзолдӯзи 45 сола Файзулло Муқимов нақл мекунад.

“Пули меёфтаам аз маоши кормандони давлатӣ зиёдтар аст”

“Мушоҳида кардам, ки даромади моҳонаам аз пояафзолдӯзӣ назар ба маоши кормандони давлатӣ бамаротиб зиёд аст. Дидам, ки ба нархи маҳсулотҳои хӯрока маоши ночизи мегирифтаам расидагӣ намекунад, аз ин хотир бо худ хулоса карда, ҳамин курсичаи оддиро интихоб намудам. Аз касби интихобнамудаам пушаймон нестам.

Ҳар луқмае, ки мехӯрам, беминнат аст ва аз касе чизе ҳам талаб надорам. Аммо зиндагӣ ҳамин шабу рӯз хеле мушкил шудааст. Сабабаш боло рафтани нархи маҳсулот мебошад. Масалан, равғанро 50 сомонӣ мехаридем, акнун он ба 80 сомонӣ баробар шудааст”, – бо афсӯс мегӯяд Файзулло.

“Пойафзолдӯзиро барои бетамаъ буданаш дӯст медорам”

Файзулло Муқимов дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буда, соҳиби 4 фарзанд аст. Ӯ беш аз 22 соли умрашро бо касби пурмашаққати пойафзолдӯзӣ гузаронида истодааст. Муқимов соҳиби ду диплом мебошад: Хатмкардаи Коллеҷи техникӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Кафшдӯзӣ ба ӯ аз бобояш мерос мондааст, ки аз зумраи пойафзолдӯзони маъруфи давр дар минтақаи Кӯлоб буд.

“Шукри Худованди бузург ман аз ин роҳ маблағ пайдо карда зиндагиамро бо он пеш барам. Ин касбро ба он хотир дӯст медорам, ки аз касе намешавад чизе тамаъ кард. Танҳо бар ивази заҳмати кашидаат, маблағ мегирӣ. Мехоҳам дар назди виҷдонам тоза бошам, то дар пиронсолӣ он маро азоб надиҳад”, – мегӯяд бо ифтихор Файзулло.

Мизи кории Файзулло Муқимов

“Пешрафти кор аз интихоби ҷойи мувофиқ аст”

Файзулло Муқимов айни ҳол дар назди КВД “Бозори Деҳқон” – и шаҳри Душанбе, дар шафати роҳи мошингузар ба таъмири пойафзол машғул аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, пешбурди кор аз интихоби ҷой хеле муҳим аст. Кафшдӯзон дар ҷойҳои камодам кор намекунанд, балки онҳо маконҳои серодамро меҷӯянд. Усто Файзулло ҳеҷ гоҳ аз муштариён маблағи аниқе талаб накардааст. Вобаста ба шароити муштарӣ ҳаққи хизмат мегирад.

“Одатан, муштариён ба ман аз рӯйи кори кардаам нархнома пешниҳод мекунанд. Мисол, агар ҳарду ҷуфти пойафзолро як хел ширеш кунам, 3 сомонӣ медиҳанд, вале агар онро гирдогирд бидӯзам 10 сомонӣ медиҳанд. Хулас, нархҳо гуногунанду зуд – зуд тағйир меёбанд: 3, 5, 10, 15 сомонӣ. Ҳатто баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки пойафзолро бепул ҳам таъмир мекунем. Муштарӣ мегӯяд, ки пул надорад, чун дигар илоҷе нест, хуб гуфта, корашро иҷро мекунем, ӯро наранҷонем. Худованд баракат ато кунад”, – мегӯяд усто бо қаноатмандӣ.

Ҷойи кории Файзулло Муқимов дар назди Бозори деҳқон

“Иқдоме, ки пойафзолдӯзонро руҳбаланд кард”

Бо эълони солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо пешниҳоди сарвари давлат намояндагони баъзе касбу корҳое, ки назирашон дар кишвар камтар мондаанд, аз супоридани андоз озод карда шуданд.

“Ин иқдом моро руҳбаланд гардонид, зеро минбаъд касе моро дигар “ғам” намедиҳад”, – хурсандона мегӯяд Муқимов.

“Фасли зимистон кори моро душвор мегардонад”

Одатан дар фасли зимистон кори пойафзолдӯзон даҳчанд мушкил мешавад, зеро онҳо ба сардӣ нигоҳ накарда зери чатр фаъолият мекунанд. Дар зимистон онҳо пойафзолҳои дарунаш пахтагиро ба пояшон кашида, либосҳои ғафсу гарм пӯшида, риштаю диравшро ба даст гирифта интизори муштарӣ мешаванд.

“Воқеан дигар чӣ илоҷ? Роҳи зиндагиро чунин интихоб намудаам. Рӯзҳое, ки муштарӣ кам мешавад, бо дигар ҳамкасбон чақ – чақ мекунем ва гузашти рӯзро низ намефаҳмем. Бар замми ин ҳама сармову гармо боз ҳодисаҳое мешаванд, ки аз ин ҳама талхтаранд”,- мегӯяд усто.

Маҳсулотҳои ширешкунанда

“Муштарии пулдор”

Ҳолатҳое мешаванд, кори кардаи пойафзолдӯзон ба муштарӣ писанд намеояд ва ӯ талаб мекунад, ки пойафзолро мисли аввалааш карда баргардонад. Айнан чунин ҳодиса бо қаҳрамони мо дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон рух додааст. Одатан дар рӯзҳои барфу борон муштариёни кафшдӯзон кам мешаванд ва пайдо шудани як муштарӣ барояшон зиёд муҳим аст, то ки бегоҳ ба хона бе дастовез нараванд.

“Як рӯзи зимистон буд, ҳаво бисёр сард, борон меборид. Ногоҳ як ҷавони қоматбаланд, бо либосҳои шинаму зебо, ки аз афташ пулдор менамуд ба наздам омад ва пойафзолеро дароз карда, амак инҳоро хуб ширеш карда, мехкӯб кун, то ки дигар обро нагузаронад, гуфт. Дар дилам шодӣ мекардам ки Худо ризқи имрӯзаи фарзандонамро расонид, аммо шодиам дер давом накард.Вақте корро ба охир расонидам, ҷавони “пулдор” якбора асабӣ шуд.

“ Амак, ҳамаро ҷазир карди ку, ин пойафзолро ман дигар дар куҷо мепӯшам? Инро гирифта мисли аввалааш карда баргардон!”

– О писарам худат гуфти, ки мехкӯбаш кун! Аммо ӯ шунидан намехост ва талаб, мекард ки ман пойаязолашро мисли пешин карда баргардонам. Охиран гуфтам, ки майлаш муздамро надеҳу пойафзолатро гирифта рав. Ҳаминтавр аз ӯ халос шудам” – бо таассуф қисса кард усто.

“Фарзандонам маро пайравӣ мекунанд ё не ихтиёр дар дасти худашон”

Аз маблағҳои бадастомада кафшдӯзон тақрибан 30% – ро барои харидани равғану ширеш ва ришта сарф мекунанд. Чанд сол пеш Усто Файзулло бо маблағи 100 долари ИМА як мошинаи пойафзолдӯзиро харидорӣ намуд, ки корашро хеле осон кард. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз касби интихобкардаи худ пушаймон нашудааст. Шукр мегӯяд, ки тавонист то имрӯз шароити арзандаро барои фарзандонаш муҳайё созад.

“Писари калониям аллакай дар хона касби маро идома дода истодааст, ки ман аз ин хеле хурсандам. Интихоб дар дасти худи фарзандонам ҳаст. Касби маро мегиранд ё не, ба ман фарқ надорад, муҳим зиндагиашонро пеш бурда тавонанд. Лекин ман кӯшиш мекунам то фарзандонамро дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ хононда, соҳиби диплом кунам. Боқӣ, ҳаволаашон бар Худо”, зеро дар баробари омӯхтани касб фарзандони ман бояд аз таълимоти хуби дунявӣ ва техникаҳои ҳозиразамон огоҳ бошанд. Ҳадди ақал ҳуқуқҳои худро омӯхтаву дар ҷамъият қафомонда набошанд. Шояд бахташон механдаду аз рӯйи дипломашон ягон кори хубтар пайдо мекунанд, ки аз кафшдӯзӣ дида маблағаш зиёд бошад”, – мегӯяд Файзулло Муқимов.

Қаҳрамони мо бо меҳнати ҳалоли пойафзолдӯзӣ, тӯли чандин сол маблағ пасандоз намуда, ба наздикӣ дар шаҳри Турсунзода барои аҳли оилааш хонаи истиқоматӣ бино намуд.

Шералӣ Давлатов

Skip to toolbar